Терминали нави ҳавоӣ то охири сол ба истифода дода мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, терминали нав барои мусофирон дар Фурудгоҳи байналимилалии Душанбе то охири соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, айни ҳол дар терминал корҳои бетонрезӣ пурра анҷом ёфта, васл намудани конструксияҳои металлӣ идома дорад. Ба иттилои манбаъ аз моҳи июл бошад васли шабакаҳои муҳандисӣ-техникӣ дар терминал оғоз мегардад.
Ин терминал дар асоси қарордод миёни Тоҷикистону Фаронса сохта мешавад, ки маблағи умумии сохтмон 39 миллион евроро ташкил намуда, аз он 20 миллионро фурудгоҳи Душанбе ва 19 миллионро ҷониби Фаронса пардохт мекунанд. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст. Сохтмони ин терминалро Ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28 ноябри соли соли гузашта шурӯъ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |