Who is Mr. Низомхон Ҷӯраев?
Чунин ба назар мерасад, ки Низомхон Ҷӯраев тақрибан манбаи аслии тамоми бадбахтиҳо барои қисми зиёде аз одамон, аз ҷумла Зайд Саидов, мебошад.
Ӯ силоҳи асосии сохторҳои қудратӣ, бахусус Оҷонсии мубориза бо коррупсия, барои ҳақталошӣ шудааст. Аслан ин як раванди пешгӯишаванда буд ва ҷое барои тааҷҷуб ҳам надорад.
Тааҷҷубам аз дигар чиз аст. Аз шахсияти худи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакил ва яке аз афроди дорои вилояти Суғд. Дар бораи Ҷӯраев таи чанд соли охир танҳо нафари ноогоҳ сухане нагуфтааст. Ӯро бо бисёр ҷурмҳо гунаҳкор кардаанд, ҷурмҳои вазнин.
Дар рӯзи додгоҳи ӯ на камтар аз сӣ айбдоршаванда ширкат варзида буданд. Ҳамаи ин сӣ нафар аз тарафи додгоҳ муҷозот шуданд ва роҳбари он гурӯҳи синафарӣ “қаҳрамон”-и мо Низомхон Ҷӯраев буд.
Аммо дар он додгоҳ худи Низомхон Ҷӯраев ширкат надошт. Ӯро дар Русия боздошт карда буданд. Дар бораи чӣ тавр овардани ӯ ба Тоҷикистон наменависам, зиёд навиштаанд.
Ман ба таври пурра аз ҷараёни “парвандаи исфарагиҳо” низ хабар надорам, ҳама ҷузъиёташро намедонам. Аммо дар расонаҳо аз ин бобат зиёд гуфта шуда буд ва оз онҳо ман огоҳӣ дорам. Маро он чиз ба ҳайрат ва ё ба ғазаб овард, ки нисбат ба сӣ нафар кормандони Низомхон Ҷӯраев айбномаҳои вазнин эълон шуд. Ҳатто худи собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов он ҳукмро вазнин гуфта буд. Сӣ нафар барои як нафар ба маҳбас кашида шуданд.
Ҳоло маълум нест, ки Ҷӯраев чӣ ҳол дошта бошад? Ӯ, гунаҳкори асосӣ дар ҷиноятҳои вазнин, дар озодӣ сайругашт дорад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳоло ҷиноятҳои ӯро касе бозпас нагирифтааст. Аз дасти ӯ чандин оилаҳо хароб шуданд ва дар маҳбасҳо мешинанд.
Ба ин ӯ чӣ тавр посух мегуфта бошад? Бо кадом виҷдон ӯ боз бар зидди Зайд Саидов шаҳодат доданист? Барои ҷурме, ки исбот ҳам нашудааст ва барои он Зайдро метавонанд ба мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кунанд.
Чӣ гуна як нафар инсон метавонад то ба ин дараҷа ба пастигарӣ ва ҳаромбозӣ даст занад, барои озодии худашро ҳифз кардан? Фардо чӣ тавр ба рӯи оилаҳову наздикони нафарони аз дасти ӯ ҷабрдида нигоҳ мекарда бошад?
Низомхон Ҷӯраев! Виҷдони олудашударо дар ягон ҷой тоза кардан наметавон, на бо ягон дору ва на бо ягон оби пок.
Ман истисно намешуморам, ки ӯро барои додани чунин шоҳидӣ маҷбур кардаанд. Аммо ин ҳам наметавонад рӯи сиёҳи ӯро сафед кунад.
Бисёр нафароне, ки барои Низомхон ба маҳбас афтидаанд, бар зидди ӯ шоҳидӣ надоданд, ҳамаи таъхиру дашному латту кӯбро тоқат намуданд.
Ман инро пастигарӣ мешуморам. Ба қавли Михаил Мамич, “аблаҳиро фаҳмидан мушкил, аммо бахшидан мумкин”. Аммо пастигариро фаҳмидан мумкин, аммо бахшидан аблаҳист.
Даруни сарам суоле чарх мезанад: who is ҷаноби Ҷӯраев? Ва чӣ тавр Шумо аз ин пас зиндагӣ мекунед, “сэр”?
Алӣ МАСТОВ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |