Бахшҳо
17 июн 2013 11:50Тоҷикистон / Сиёсат

Сафват Бурҳонов ба "гуруснанишинии бемуҳлат"-аш поён дод

Сафват Бурхонов, рӯзноманигори тоҷик бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки сар аз имрӯз, 17-уми июн ба гуруснанишинияш хотима мебахшад.

Бурхонов дар қатори омилҳое, ки сабаби қатъи гуруснанишинияш шудаанд, номбар кардааст: “а) пофишории шадиди дӯстону пайвандон, б) то ҷое расидан ба ҳадафҳои худ, в) вокуниши мақомоти кишвар, г) эҳтимолияти барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода шудани эътирози ман аз ҷониби доираҳои ҳадафманд.”

Ин журналисти тоҷик менависад, ки “воқеан эҳсос кардам, ҷомеаи мо суду зиён ва неку бадро хубу дақиқ ҷудо мекунад. Муносибати якхелаи доираҳои ҳукуматӣ ва мухолифони он ба ман, бори дигар бароям исбот кард, ки вазифаи худро дуруст иҷро мекунам. Яъне на ҷонибдори ҳукумат ҳастам ва на ҷонибдори мухолифони он, менависам он чиро, ки мебинам.”

Бурҳонов мегӯяд, бо гуруснанишинии худ исбот кардааст, ки дар ҷомеаи мо агар шаҳрванд ҳадафҳои ғаразмандонаро пайгирӣ накарда, воқеан ақидаи худро баён кунад, гирифтори пайгирӣ намешавад: “Бори дигар исбот шуд, ки намояндагони кулли созмонҳои ба ном байнулмилали муқими Тоҷикистон ҳадафҳои ғаразмандона доранд ва хостгори ободии Ватани ман нестанд. Барои онҳо ҳадафи ягона ин сиёҳ кардану шантаж кардани Тоҷикистон ва ба мақсади худ истифода кардани ҷомеаи мо аст.”

Ин журналисти тоҷик инчунин зикр кардааст, ки “дар давоми гуруснанишӣ бархе ҳамкасбон дар паҳлӯям буданд ва китфи худро, дар доираи касбият, барои такя гузоштанд, исбот шуд, ки қисми зиёди «доираҳои журналистӣ» фурӯхташуда буда, аз беруни «доира» идора мешаванд.”

Сафват Бурҳонов мегӯяд, аз ҷониби мақомоти кишвар шунида ва дуруст фаҳмида шудааст: “Баъзе гурӯҳҳои фасод ва сиёсӣ кӯшиши истифодаи эътирози маро барои пиёдашавии ҳадафҳои худ мехоҳанд «дастак» кунанд, ки ин куллан муқобили раъйи ман аст. Бовар дорам, ки барои «ҳимояи демократия ва озодии инсон дар Тоҷикистон» чандин лоиҳаҳои грантӣ пешниҳод шуданд. Бо сари баланд эълон мекунам, ки ҳич гоҳ дар ягон равия «член» набудам, нестам ва намешавам. Ҳар ҷое, ки аз номи ман истифода шавад, ҳақ дорам, ки эътирози худро баён кунам.”

Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик, рӯзи 6-уми июн бо пахши номае аз “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ”-аш хабар дод. Оқои Бурҳонов дар ин номаи худ навишта буд, “вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки давоми солҳои истиқлолияти кишвар мушоҳида мекунам, ба тадриҷ рӯ ба қафо меорад. Дар ин давом инсон чеҳраи худро ҳамчун мавҷуди олӣ аз даст дод. Инсон, дар кишвари ман ба махлуқи беҳуқуқ табдил ёфт. Кулли сохторҳои давлатӣ фалач шуда, ба рукуди бебозгашт гирифтор шудаанд.”

Ин хабарнигори тоҷик дар идомаи номааш аз фасоди густурда ҳам нигаронӣ карда ва гуфта буд, “сохторҳо ва созмонҳои байнулмилали муқими Тоҷикистон низ умуман аз вазифаҳои худ фаромӯш кардаанд. Онҳо низ фасодолуда шудаанд.” Ӯ гуфта буд, то вазъ тағйир наёбад аз гуруснанишинӣ даст нахоҳад кашид.
Мӯҳр
Чавон
Боваркунед як масхарабози.Акнун бо хаминхел калам ба дастони точик Точикистон то кучо пеш мераваду руи когази поку сафед хакикате навишта мешавад.Ман бачои Сафват мешудам аз ин маСхарабозии кардагиам аз мардуми кишвар бахшиш мепурсидам.Ин чигуна гуруснанишини буд ки хеч вокунише ба миён наовард ва чуз масхарабозии чизеро аз худ дарак надод.Ва аз шумохам касе ё хоричие истифода намекунад зеро онхохам фахмидан ки шумо масхарабоз хастед.Ба хама нагмаи ночур дилам месузад Лоик дуруст гуфта буд!Ва ин мардум ёфтиян як гапро журналисто аз хоричи кишвар идора мешаванду ё фалону фалон.Охир ин хукумат аз чониби ки идора мешавад ё аз кихо карзу грант мегирад о аз Зардушту Сомони неку!

Окои Сафват, хубтараш ин ки хомушона аз гуруснанишини даст мекашидед, чун маълум шуд, ки хеч кас Шуморо бовар накард. Акнун хама айбро дар сари чомеаи шахрванди ва созмонхои байналмилали задан мехохед. Айб аст, Шумо ку дар эътироз бо хукумат ба ин амал даст зада будед. Аммо холо мебинем объети мурочиататонро аз "гуруснаги" фаромуш сохтаед. Хар касе ки ба Шумо як зарра эхтиром дошт, фикр мекунам лухтак буданатонро бо чунин баёния хеле хуб дарк кард. Ман низ яке аз мухлисони Шумо будам, афсус, харчи хам бошад каламатон хуб аст, истеъдод доред, аммо бо як баёнияи фач хамаро ба замин яксон кардед. Бо таассуф Далер

мда чи гуфтанамро намедонам... кариб буд, ки ба Сафват Бурхонов пайрави мекардам... ман ку аслан мухлисаш набудам, аммо вакте "Танҳо дар сурате аз гуруснанишинӣ даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тоҷик ...ро мутолиа кардам, фикр мекардам ана МАРДАК, ана оянда... Афсус.. мо дар фикри ободиву Сафват дар фикри "ШИКАМ"

Aзиз
Аз гуруснанишинии Савфат хурсанд будеду боз имруз зик шудед? Хело ачиб! Аз ин бармеояд, ки Шумо дуруяед. У рост мегуяд Шумо душманед....

Taj Pen,
Taj Pen,
Далер, Пеш аз оне, ки одам садо баланд кунад, хадди аккал бояд гайрати навистани номи худашро зери суханаш дошта бошад. Ман дар талаботам 10 нукта зикр карда будам, ки якаш ба созмонхои хоричи дахл дошт. Акнун бовар хосил кардам ки 9 нуктаи дигар аз хамин 1 нукта сарчашма мегиранд. Ва бори дигар дидам ки грантхурхо дар инет зидди ман сар бардоштанд. Эй беномхо, шумо ку аслан касе ё чизе нестед. Мугулхо пасттарин инсонро номгумкарда мегуянд. Пеш аз оне ки касеро казоват кунед, аввал номатонро пайдо кунед. Ман вокуниши касеро ва хусусан хамовозии беномеро интизор набудам ва нестам. Садои худро барои худ бо номи худ баланд кардам. Акси садо шунидам. Шумо мехохед дуруг гуям? Ё баробари ман гурусна нишастед, ки иддао доред? Агар ба шумо даркор аст, равед худатон гурусна нишинед ё хар чи мехохед бикунед. Ман он хадафе ки доштам ба он расидам. Ё шуморо илтимос кардам ки маро ёри кунед? Ачзи шумо душмани шумост! Ба нотавонбинони беном барои хамеша мегуям, ки дигар зарда накунанд. Агар гурда доранд, мархамат ман одами руиростам хар гах хохед ру ба ру во мехурем, сухбат мекунем. Телефони ман 93 585 2000.
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,

рухул
Калами нагз дошт, мегуед? Ман мегуям, ки аслан, аз аввал калами хуб надошт. Як чумлахои подархавову хадафхои номаълум. Изхороташ хам хамчунин, ягон чумлаи мантикан дуруст надошт. Факат гапхои умумиву бемаъни -чун гапхои занхои лаби об. Як бор журналистикаи русро бихон, аккалан забони модариатро дуруст биомуз. Баъд, ин зайл даъвохо кун. Харчанд одами донишманд, хайрхох, баакл чунин даъво хам намекунад... Хомуш аст. На чун ту пешпуртак!

беном
Аслан ин шахс манзур Сафват то он хадде ки мешиносам шахси эхсосотист ва матолибаш коршиносона нест. Мегуяд вокуниши мақомоти кишвар, чи вокуниши нишон доданд? Мо чизи аз вокуниши мақомоти кишвар, нахондем
Хулоса ин шахс иродаи кави надорад, ва ягон хостааш амали нашудааст ва аз тарафи макомоти расми хич таваччухи нашудааст.

ораш
офарин ба хадафхои лоиконаи Сафват. охирин точике, ки чунин шакли изхори назар дошт рахмати Лоик Шерали буд....

Сараввал як хадисе аз Пайгамбари ислом , хазрати Мухаммад (с), ки дируз М.Кабири дар як мусохибааш иброз дошт ба щумо меорам, шояд ин хадис мучиб шавад, ки дар оянда ислох шавед. «Паёмбари акрам (с) дар як ҳадиси шарифашон мефармоянд, "агар касе ба шумо гуфт, ки ҳама мардуми шаҳр дузд шудаанд, бидонед, ки дузди калон худаш аст". Яъне ҳар кас дигаронро мисли худаш мебинад ва тасаввур мекунад. «Грантхурхо»… Шояд, грантхури асоси С.Бурхонов бошад???

Савфат Бурхонов... Акнун бовар кунондед, ки мазхакаи шумо, окои Савфат як "пиар- реклама" будаасту халос. Шахсан ман як сохибкор хастам ва дар ин муддате, ки ба сохибкори машгулам агар фойдае ба чомеа расонида набошам хам ба бовари гуфта метавонам, ки зараре хам нарасонидаам. Ва иншооллох нахохам расонд. Дар ин чанд соли фаъолияти сохибкори, бисер монеъахо, мушкилихо дар тамоми сатхи ичтимои дидам. Харчанд паи ислохи он даст задем, нашуд, ки нашуд. Мо ба умеди ягон ташкилоти хоричи нашудему пушти дари ягон созмонро хам накуфтаем. Ва дОниста гИред аз ягон ташкилоту созмон хам «грант»-дастраст накардаем.

Чун сухани сохибкор феълан он курбу вазне, ки калами рузноманигор дорад, надорад. Сухани сохибкор дар ин шабу руз, ранги мусикии рээп аст, аз ин гуш медарояд аз он гуш мебарояд. Сухани рузноманигор мисли «Шашмаком», «Фалак», «Опера» аст. Гохо ширину гохе талх.
Ба шумо як маслихат. Чун шумо мисли Шер оханг баланд кардед, як умед дар дили мо пайдо шуд, чун вакте ду кишри чомеа, сохибкор ва рузноманигор аз паи ислох ва е кушиши ислох кардани як мушкил мешаванд, хатман он аз пеши чашм ноаен намемонад. Хатман ба харфи онхо гуш медоданд. Мутаассифона, шумо шер не, балки як хунарманд, агар мувваффак хам гуем хато намекунем будаед. Хуб мешуд ба Хиндустон сафар мекардед. Бо бовари гуфта метавонам, ки бо ин лаекате ки доред хатман дар ягон филм накши асосиро медоданд. ва Щумо САВФАТ KHAN ба муроду максади хеш мерасидед.
Худо еру мададгорамон бошад… омин.

Озодагон, бо умеди нашри матлаб мейл суи шумо мезанем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)