Мақомот барои ташхиси саломатии Зайд Саидов розӣ шудаанд
Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои ташхиси Зайд Саидов аз ҷониби духтури шахсии ӯ иҷоза хоҳанд дод.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, шанбеи гузашта, 15-уми июн бо зерҳимояаш бо ҳузури муфаттишон мулоқот дошт: “Ман бо ӯ дуруст гап зада натавонистам, лекин Саидов аз вазъи саломатиаш ҳам ба ман ва ҳам ба муфаттишон шикоят кард, ки дарди меъдааш ӯро азоб дода, саломатиаш рӯз ба рӯз бад мешавад."
Қудратов афзуд, муфаттишон ваъда додаанд, барои ташхиси Саидов иҷоза хоҳанд дод: “Мо аллакай табиби Саидовро пайдо кардем. Ӯ омода аст, ҳар лаҳза омада Саидовро аз ташхис гузаронад. Муфаттишон гуфтанд, имрӯз ё фардо, 17 ё 18-уми июн, табибро ба назди Зайд Саидов мебаранд. Акнун ҳамааш аз муфаттишон вобаста аст.»
Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешавад, охири ҳафтаи гузашта дар номае ба наздиконаш хабар додааст, ки фавран ба кумаки табиб ниёз дорад. Саидов аз қабл аз дарди захми меъда ранҷ мебурдааст ва баъди боздошт, он якбора хуруҷ кардааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |