Сафорат фавти мусофир дар тайёраи Душанбе-Маскавро таҳқиқ мекунад
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, иттилоъ дар мавриди фавти гуиё шаҳрванди Тоҷикистон дар саҳни тайёраи хатсайри Душанбе-Маскавро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад ва дамоми рӯз дар бораи ин қазия шарҳи худр пешниҳод хоҳад кард.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “маълум хоҳанд кард, ки оё воқеан ин мусофир шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва оё дар ҳақиқат дар меъдааш мухаддирот доштааст.”
Тавре ВАО-и русӣ аз қавли хадамоти матбуотии бахши нақлиёти Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ медиҳанд, рӯзи 16-уми июн соати 8:20 дар фурудгоҳи “Внуково” тайёраи хатсайри Душанбе-Маскав фуруд омадааст, ки дар саҳни он як мард фавтидааст.
Тибқи фарзияи пешакии мақомоти рус ин мусофир дар бадани худ мухаддирот бурдааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |