Собиқ сармураббии “Регар” далели барканорияшро шарҳ дод
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоевро, ки то ин дам сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода буд, дар ин симмат ёвараш Наҷмиддин Толибов иваз кард.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи душанбеи 17-уми июн дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба далели ин ки ҷарроҳӣ шудааст, дигар наметавонист бозигаронро тамрин диҳаду дар вақти бозӣ ҳамроҳи онҳо бошад.
“Солҳои пеш, ки бозӣ мекардам, ҳамон вақт почаам лат бардошта буд ва беаҳамиятӣ карда дуруст табобат накардам. Имрӯз, ки дардаш шиддат гирифт, маҷбур шудем, ҷарроҳӣ кунем. Мо дар ин масъала чанд рӯз пеш бо раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”, Шариф Назаров, маслиҳат карда будем. Онҳо вазъияти маро хуб дарк мекунанд. Ман ба онҳо гуфтам, бояд пурра табобат бигирам. Ҳамин тариқ, ба хулосае омаданд, ки Наҷмиддин Толибов сармураббигии дастаро ба ӯҳда мегирад ва бо бачаҳо тамринҳоро идома дода, барои даври дуюми чемпионати қаҳрамонии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |