Муҳаррири "Азия-Плюс" муътақид аст, ки набояд муҷозот шавад
Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия–Плюс” дар шарҳи иддаои зиёиёни тоҷик, ки ният доранд, аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят баранд, изҳор дошт, ки барои баёни фикри шахсӣ набояд мавриди таъқиб қарор гирад.
Тутубалина дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳанӯз моҳияти иддаоро бар зидди худам намедонам. Фикр намекунам, ки ин иддао асосе барои муроҷиат ба додгоҳ дошта бошанд. Дар матлабам танҳо фикри худамро гуфтаам, ки барои ин муҷозот намекунанд. Ба ҳар ҳол дар ҷомеаи демократӣ чунин аст.”
Ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар як ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалинаро, ки таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции” нашр шудааст, таҳқири тамоми зиёиёни тоҷик хонда, қарор кардаанд, ки аз болои ӯ ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Олга Тутабалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |