Бахшҳо
16 июн 2013 08:53Хабарҳои ҷаҳон

Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ислоҳталаб -- раисҷумҳури нави Эрон

Тибқи омори Вазири умури дохилии Эрон аз маҷмӯи 50 миллиону 438 ҳазору 192 нафар дорандаи ҳаққи раъй дар Эрон, 36 миллиону 704 ҳазору 156 нафар дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар, ки рӯзи 14-уми июн баргузор шуд, раъй додаанд.

Бино ба натиҷаи ниҳоии шумориши оро (овозҳо), Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ислоҳталаб, бо касби беш аз 18 миллиону 613 ҳазор овоз пирӯзи ёздаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон шуд. Баъд аз оқои Рӯҳонӣ, Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон, бо касби 6 миллион раъй нафари дувум ва Саиди Ҷалилӣ бо касби 4 миллион раъй нафари севум шудааст.

Муҳсини Ризоӣ 3 миллион, Алиакбраи Вилоятӣ 2 миллион ва Муҳаммади Ғаразӣ 446 ҳазор раъй касб кардаанд.

Раисиҷумҳури Эрон барои муддати чаҳор сол дар як интихоботи миллӣ интихоб мешавад. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки то кунун раёсати ҷумҳури Эронро бар уҳда дошт, ду бор чаҳорсолӣ ин курсиро соҳибӣ кардааст.

Маълумот дар бораи Ҳасани Рӯҳонӣ:

Ҳасани Рӯҳонӣ 12-уми ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил мекунад. Рӯҳонӣ дар даврони ҷанги Эрону Ироқ ба яке аз фармондеҳони ҷанг табдил шуд. Раисҷумҳури нави Эрон аз соли 1999 то кунун яке аз аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ буда, аз 12 сол пеш раёсати комиссияи сиёсиву иҷтимоӣ ва аз соли 2005 раёсати дабирхонаи ин маҷлисро бар ӯҳда доштааст. Рӯҳонӣ дар даврони Хотамӣ низ дабири шӯрои амнияти миллӣ ва мушовири раисиҷумҳур буд ва аз соли 2002 то 2004 раҳбари тими музокиракунандаи ҷумҳурии исломии Эрон буд. Дар маҷмуъ Ҳасани Руҳонӣ 5 давра вакили парлумон, 16 сол дабири шӯрои олии амнияти миллӣ ва 2 сол раҳбари музокироти ҳастаӣ будааст.



Мӯҳр
Таракиёти давлат бо риш ва салла ва бо никоб пеш мерафтаст ку яъни Эрон. Ё ин, ки мо нав дунёи фахшро ёфтаем???.

точик
Огои мухтарам, табрикатон бошад. Меган, ки дар Эрон демократия нест, хато мекунанд. Дар Эрони Бузург демократия дар сатхи оли тантана дорад. Мисоли барчаста-интихоботи Президент

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)