Бахшҳо
15 июн 2013 12:56Тоҷикистон / Сиёсат

Президент ба кадрҳои нав гуфт, содиқона хизмат кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн бо кадрҳое, ки ба вазифаи роҳбарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти корҳои дохиливу кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод шудаанд, суҳбат кардааст.

Торнамои президенти Тоҷикистон навиштааст, сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Нуробод, шӯъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва сардори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иваз шудаанд.

«Бо қарорҳои ҳукумати кишвар ҳамчунин Маҳмадқул Каримов, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидамир Ҷононов, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ғаниев, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ғоиб Давлатов, директори муассисаи давлатии “Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди деҳот” таъин гардиданд»,-навиштааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намудааст.

«Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, баланд бардоштани сифату таълими тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои диду тафаккури муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад»,-меафзояд сарчашмаи хабар.

Мӯҳр
шогирд
Бо самими калб Шуморо ба ин вазифа _Ректори Донишгохи давлатии Дангара таъйин гардиданатон табрику муборакбод менамоем, устод М.Б.Каримов

Бо самими калб Шуморо дубора ба ин вазифа _Ректори Донишкадаи омузгории Рашт таъйин гардиданатон табрику муборакбод менамоем, устоди азиз Чононов С.

патриот
Аз чойивазкунии зарбшавандахо хосили зарб иваз намешавад! Инашро гирифта ба вазифаи дигараш мемонанд, вале мушкилоти мардум зиёд мешаваду кам не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)