Дастури вазир барои муоинаи бепули сокинон (АКС)
“Корвони саломатӣ”-маҷмӯи хизматрасониҳои сайёри ройгони тиббӣ, аз субҳ то ин ҷониб ба беш аз 2500 сокини маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа хизмат расонид.
Матлуба Шоҳназарова, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят, гуфт, бо супориши вазири тандурустии кишвар ҳайати хизматрасон аз шумули профессорон, номзадҳои илми тиб ва дигар мутахассисони баландпояи ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст. Бино бар қавли мавсуф, мақсад аз ин иқдом кӯмак ба аҳолии камбизоат ва миёнаҳол аст: “Агар бемор хоҳад, ки натиҷаи компютери тамографиро ба даст орад, ӯро мебояд ба ҷуз роҳкиро, боз 170 сомонии дигар пардохт намояд. Бинобар ин, мо имрӯз табибонро ба назди халқ овардем, то қадре ҳам бошад мушкилашонро осон кунем.”
Ин хизматрасониҳо асосан дар Маркази саломатии шаҳр, Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳр, Маркази саломатии калонсолони шаҳр, Маркази бемориҳои қалби вилоят, Беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови вилоят гузаронида шуданд. Табибони дигар бахшҳо, амсоли чашм, ҷоғар ва ҳоказо бошанд, дар Маркази саломатии шаҳр ба мардум хизмат расониданд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, танҳо дар Маркази саломатии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз се амалиёти ҷарроҳии ройгон сурат пазируфтааст. Натоиҷи кори ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ алъон мушаххас нагардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |