Бахшҳо
14 июн 2013 16:53Тоҷикистон / Сиёсат

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ҳизбҳо то 2020 дар фикри курсӣ набошанд

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар бораи он биандешанд, ки Тоҷикистонро баъд аз соли 2020 чӣ интизор аст.

Он соле, ки ба қавли Шарифов, раисиҷумҳури кунунӣ -- Эмомалӣ Раҳмон функсияи худро аз рӯи Қонуни асосӣ ҳамчун президент тамом мекунад. “Ҳизбҳо барнмоаҳоеро бояд таҳия кунанд, ки баъд аз соли 2020 чӣ гуна давлатро мехоҳанд бисозанд”,-гуфт Сӯҳроб Шарифов дар сӯҳбат бо “Озодагон”.

Мусоҳиби мо дар идома афзуд, ҳарчанд ҳизбҳои сиёсӣ аз низоми идораи давлат аз ҳукумати феълӣ интиқоди зиёд мекунанд, аммо худашон то ҳоло ҳеч барномаи комили алтернативӣ надоранд ва пешниҳод ҳам накардаанд. “Ҳизбҳои сиёсии мо бештар аз фишору монеаҳо шикоят мекунанд, ки он ба фарёди кӯдакона монанд аст. Дар ҳеч низоми давлатдорӣ чунин набуд, ки роҳи мухолифин бояд содаву ҳамвор бошад”,-афзуд ӯ.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта мешаванд, ки Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор кунад. То ҳоло танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтаст, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат меҷӯяд, ки он ҳам раисиҷумҳури кунунист. Аҳзоби дигар ҳанӯз мунтазири онанд, ки санаи баргузории интихобот эълон бишаваду онҳо анҷумани худро баргузор ва дар он тасмим бигиранд, ки дар кадом шакл дар ин интихобот иштирок хоҳанд кард.

Тӯли бист соли охир Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад. Дар сурати иштирок ва интихоб шуданаш дар интихоботи моҳи ноябр ин чаҳорумин бор хоҳад буд, ки ӯ ба курсии президентӣ такя мезанад.
Мӯҳр
Daler67 az NY, USA
Charo in guna afrod dar kursii konunkabul nishastaast, in ham kori malum.

Стротеги #1 Пас шумо дар бораи кадом конуну кадом стротегия гап мезанед?

Расул
Хар сиёсатшиносе руирост ягон гапро мезанад - вай сиёсатшиносу сиёсатмадор нест!
Ман хамчу сиёсатмадору сиёсатшинос дигар чаноби Сухрои Шарифро эътироф намекунам, зеро у ба хукукхои конститутсионии 8 миллион точикистонй - тахкири маънавй расонид. Мо мардум ба умеди дигаргуни зиндаем. Инчаноб ин умедро бо комилияти боварй таъкид мекунад, ки дар фикри курси набошед. Ин шаа Аллох як баёния ба ин суханони Сухроб хохам навишт. Умедворам Озодагон хамкориву шароитпешкашам мекунад

Самиаллох
Рухафтода нашав бародар аз ин суханони Шарипов бар меояд ки интихоботи дар пеш истода чи гуна мегузарад? Натича аз холо маълум аста ин ваъдахои президен чи меша ха?

Man hajroni hamin mardumi tojik, ohir mardak hele beshuhi meguyad,ki hizbho boyad barnomahoe, nakshahoe baroi peshrafti komili davlat doshta boshand. Albatta tarafdori boz ba kursii prezidenti nishastani janobi Rahmon nestam , vale hizbhoe,ki hudro muholifin mehisoband boyad sar to poj sohibideyavu sohibnaksha boshand to tavonand Tojikistonro behtaru modernitar rushd dihand ... Jo fikr mekuned ba kursi menishinedu bad naksha mekashed ?Masalan janobi Kabiri yak odami hamkadami zamonand , albatta boyad barnomahoi jiddi doshta boshand , ohir ba rishu fashi hamhizboshon kase ovoz namedihad ,bo rishu sallavu hijob kase davlat nasohtast !

Рубоб Харифов! Хофиз овардем ку
И чи мега? Чи хел "ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар бораи он биандешанд, ки Тоҷикистонро баъд аз соли 2020 чӣ интизор аст.
Он соле, ки ба қавли Шарифов, раисиҷумҳури кунунӣ -- Эмомалӣ Раҳмон функсияи худро аз рӯи Қонуни асосӣ ҳамчун президент тамом мекунад." Ай руи кадом конун вай дар соли 2020 президентиро тамом мекна? Вай оли интихоб нашид ку. И чи маъни дорад?
И хофиза ай чо оварден Озодагон?

Бисёр мақолаи хуб олӣ.
Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар бораи он биандешанд, ки Тоҷикистонро баъд аз соли 2020 чӣ интизор аст.
Бояд ҳизбҳо барои ояндаи давлату миллат фикр кунанд барои на 20 сол барои 50 соли оянда. Ин фикри шахсии ман буд барор мехохам мо низ тарафдори пешравии давлати азизамон хастем.

salim
Аз гуфтахои С.Шарифов бар меояд.ки боз хафт соли дигар .бо бебарки.бекори.ноадолати
.фасоди, ру ба ру хастем.

соф ,.точикиш' кард ку, ана маълум шуд, барои чи хама дар навбати паспорти хоричи истодаанд. Бояд 7500 000 паспорт дар ду соли ояда чоп кунанд, дигар ягон буи умед хам намемонад. Такдири точик хамин хел азал будаст, Худо ба ин миллат ватанту давлату давлатдориро ато накардааст. Ленину Сталину Шириншо ва Нусратулло хато карданд.

Хукукшинос
Чаноби Сухроб ман ба суханрони кардед аз сарлавхааш мухолиф хастам ва лозим надонистам вакти худамро дар хондани он зоеъ гардонам. Шумо бо ин маколаатон метавонед дили як чонибро ба даст биёред на аз чомеаи шахрвандиро! Хело мутаассифам!

Мистер Окей опять заговорил?Смешно))))

чидди гап занем ..ягон хизб барнома надорад ..рост...ягон кас намедонад чи мешавад агар ХНИТююХСДТ..ХКТ...ХСТ ва дигархо ба сари хокимият биёянд чи медиханд ба халк...ин номаълум...барои хизбхо ин камбудии чидди аст..хайр Рахмон не...лекин ХХДТ номзади худро пешниход мекунад у галаба мекунад...ин маълум..гапхои шумо бачахо..эхсосоти ва монанди гапхои занхо дар лаби об....чидди гуед..ягон посухи чидди ба С. Шарипов нест.....у хак аст..як кас менависад сиесатмадор рост бояд нагуяд..бародар дар фиреб шумо рохат мебинед..омода бошед ..аклро ба кор андозед майнаро об кунед..барнома нависед...мушкил...ё наметавонед...

Магар хизбхои сиёси дар мамлакати мо хукуки пешниход намуданро доранд?. Бисёр мехостам бифахмам, оё сиёсати бистлоаи сипари гашта ба ягон икдомхои хизбхои мамлакат ягон таввачух зохир карда буд.

Акмал
ЭЭЭЭЭ то соли 2020 дар гириби бигардед гуй, Шарипов!

ягом вакт дар точикистон интихоботи шавов нагузаштааст и намегузарад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)