Интиқод аз кори сафири Қирғизистон дар Душанбе
Омурбек Текебоев, вакили парлумон ва раиси ҳизби “Ота Макон”-и Қирғизистон, дар ҷаласаи ҳизбаш аз фаъолияти Урмат Саралаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, интиқод кардааст.
Текебоев зимни ҷаласаи ҳизбаш таъкид кардааст, ки номи Урмат Саралаевро касе намедонад. “Ин ном на ба вакилон ва на рӯзноманигорон шинос нест, зеро ӯ корашро дар сатҳи лозима иҷро накардааст”,-гуфтааст ӯ.
Раҳбари “Ота Макон” аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳол маълум нест, Саралаев барои роҳандозии равобити дӯстона миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон чӣ чораҳо андешидааст. Ин интиқоди Омурбеков баъд аз боздидаш аз минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Омурбек Текебоев дар суҳбат бо сокинони наздимарзии Қирғизистон ваъда додааст, ҳамаи талаботашонро ба роҳбарияти кишварашон мерасонад.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Вале ахиран раиси вилояти Суғд -- Қоҳир Расулзода аз маҳалҳои баҳсноки марзӣ боздид карда ва гуфт, як ваҷаб марзи кишварро ба бегонагон намедиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |