ИМА ва Британия гуфтанд, пуштибонии мухолифини Сурияро идома медиҳанд
Вазирҳои хориҷаи Амрико ва Англия дар Вашингтон буҳрони Сурияро баҳс карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Амрико, ки мизбони ҳамтои англиси худ, Вилён Ҳейг дар Вашингтон буд, эълон кард, бояд як “роҳи ҳалли сиёсӣ” барои буҳрони Сурия вуҷуд дошта бошад.
Вай ҳамчунин таъкид кардааст, Амрико ва Англия ҳар коре, ки битавонад барои ҳимоят аз мухолифони сурӣ ба манзури тағйири мувозина дар Сурия анҷом медиҳанд. Керӣ дар идома гуфтааст, Вашингтон ва Лондон амиқан нигарони дахолати Ҳизбуллоҳ ва Эрон дар Сурия ҳастанд.
Вилён Ҳейг низ дар ин замина гуфтааст, Англия ва дигар кишварҳо мумкин аст маҷбур бошанд талошҳо барои кумак ба мухолифони суриро шиддат бахшанд. Вай ба ҷузъиёти бештаре аз ин кӯмакҳо ишора накардааст. Ӯ ҳамчунин ҳамкории иттилоотии Амрико-Англияро дар ҷаҳон "қудратмандтарин” тавсиф кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |