Кабирӣ: Ҳар ҷазои сахттареро таҳаммул мекунам, ба ҷуз узрхоҳӣ!
Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ аз шаҳрдории Душанбе барои ҳарфҳояш дар мавриди дарахтбурӣ дар пойтахт маъзаратхоҳӣ нахоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ирсоли як нома аз оқои Кабирӣ хостааст, то рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ қарори додгоҳро дар мавриди узрхоҳияш аз шаҳрдории Душанбе иҷро намояд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “қаблан эълон карда будам, ки ҳеч узрхоҳӣ нахоҳад буд. Агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”
Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, ин ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хилофи қарори Додгоҳи олист, ки соли 2011 қабул шудааст. “Додгоҳи олӣ бо қабули қарор «Дар бораи таҷрибаи додгоҳӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ» узрхоҳии иҷбории шаҳрвандонро назди шахсият ва ё давлат комилан манъ кард. Аз ин хотир ҳукми додгоҳи Сомонӣ хилофи меъёрҳои қонунгузории кишвар мебошад. Илова бар ин, узрпурсии шаҳрвандро Кодекси шаҳрвандӣ низ муқаррар накардааст”,-таъкид кард вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ.
Аз ин пештар Бузургмеҳр Ёров таъкид карда буд, ки дар сурати ҳал нашудани баҳси нафари таҳти ҳимояташ бо шаҳрдории Душанбе, маҷбуранд ба кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева муроҷиат кунанд.
Дар акс: Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |