Сафорати Эрон нагузошт, BBC ҷараёни интихоботро аз дохил бубинад (АКС)
Масъулони cафорати Эрон дар Душанбе нагузоштанд, хабарнигорони Бӣ-бӣ-сӣ ҷараёни раъйдиҳии шаҳрвандони кишвар дар дохили сафоратро аз наздик бубинанд. Онҳо гуфтанд, ин тасмими сафорат аст, ки натанҳо Бӣ-бӣ-сӣ, балки куллия расонаҳои хориҷӣ, бахусус Амрико ва муттаҳидонашро, барои назорати интихобот ба дохил роҳ надиҳанд.
Овоздиҳии шаҳрвандони Эрон барои интихоби раисиҷумҳури нави кишварашон субҳи 14-уми июн дар Тоҷикистон ҳам оғоз ёфт. Намояндагии Эрон мегӯяд, барои иштироки шаҳрвандонаш дар интихоботи президентии Эрон дар ҳудуди Тоҷикистон ду ҳавзаи овоздиҳӣ боз шудааст, ки яке дар бинои худи сафорат, дар кӯчаи Бохтари Душанбе ва дигаре дар шаҳраки Сарбанд, 120 километрии ҷанубушарқи пойтахт, дар наздикиҳои нерӯгоҳи “Сангтуда-2” ҷойгир мебошад.
Теъдоди эрониён дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
Имрӯз барои курсии раёсати ҷумҳури Эрон 6 номзад -- Ҳасан Рӯҳонӣ, Алиакбари Вилоятӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мӯҳсин Ризоӣ, Саид Ҷалилӣ ва Муҳаммад Ғаразӣ сабқат мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |