Бахшҳо

“Дастнорас”-ҳо дар Тоҷикистон камтар мешаванд

Ҳумайрои БАХТИЁР

Парлумони Тоҷикистон ҳамакнун ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони маҷлисҳои маҳалиро маҳдуд намуд. Додситони кулл, Шерхон Салимзода гуфт, ки чораи мазкур ба хотири пешгирӣ аз фасод, ғасб нагардидани моликияти давлату мардум ва сӯиистифода накардан аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ андешида шудааст. Бояд гуфт, ки аз ин пеш парлумони Тоҷикистон дахлнопазирии додрасҳо ва додситонҳоро ҳам маҳдуд карда буд, ки ба гуфтаи коршиносон ин тасмимҳо ба вазъи сиёсии дохилии кишвар рабт дорад.

Имтиёзҳои боқимондаи вакилони маҷлисҳои маҳалӣ

Шерхон Салимзода, додситони кули кишвар зимни муаррифии ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ» ва қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе ва ноҳия» гуфт, ки мавҷудияти ҳуқуқи дахлнопазирӣ ба Сарқонун низ мухолифат доштааст. Додситони кулл мегӯяд, ки назди қонун ҳама баробар буда, мутобиқи Сарқонун вакилони маҷлисҳои маҳалӣ ва халқ ҳуқуқи мазкурро надоранд.

Шерхон Салимзода дар идома гуфт, ки дахлнопазирии вакилон пурра барҳам нахӯрда, имтиёзҳои онҳо дар шақли дигар боқӣ хоҳад монд: «Барои мисол на ҳамаи мақомот ва мансабдорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкони боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи вакилони маҷлисҳои маҳалиро хоҳанд дошт. Танҳо Додситони кул, додситонҳои шаҳру вилоят ҳуқуқи боз кардани парвандаи ҷиноӣ ва маъмуриро нисбати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дошта, парвандаҳои мазкур аз ҷониби Додгоҳи Олӣ, додгоҳи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо бояд мавриди баррасӣ қарор бигирад».

Ташвиши Зуҳуров аз дахлнопазирии вакилони МНМО

Бояд тазаккур дод, ки баррасии қонунҳои мазкур аз ҷониби ваиклон баҳсеро ба вуҷуд наоварда, танҳо Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар парлумон аз Шукурҷон Зуҳуров, раиси МНМО суол кард, ки чаро масъалаи мазкур дар Шӯро рад гардида, ҳоло мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Дар сӯҳбат ба «Озодагон» Саийдумар Ҳусайнӣ гуфт, ки дар Шӯрои парлумонии рӯзи душанбе Шукурҷон Зуҳуров худ ба муҳокима гардидани ин масъала мухолифати шадид нишон дода, гуфтааст, ки баррасии он ба Шӯрои дигар гузаронида шавад: «Қабл аз ворид намудани ин иловаҳо мо бояд тамоми нофаҳмиҳоро ҳаллу фасл кунем, чун ба дунболи бекор кардани дахлнопазирии вакилони маҷлиси ҳокимияти давлатӣ ба эҳтимоли зиёд навбати вакилони МН бошад. Барои ҳамин ман ҳам аз Шукурҷон Зуҳуров пурсидам, ки чаро масъалаи мазкур тибқи ваъда ба ҷаласаҳои баъдӣ мавқуф гузошта нашуд».

Муовини раҳбари ҲНИТ дар идома гуфт, ки инҷо парлумон як каме ба шитобкорӣ роҳ дод, чун дар қабл танҳо бо доштани мушкили имлоӣ ва ҷузъӣ баррасии масъалаҳо аз Шӯрои парлумон гардонда ба ҷаласаи баъдӣ гузаронида мешуд. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳусайнӣ барои мавриди баррасӣ қарор гирифтани масъалаи маҳдудияти дахлнопазирии вакилони ҳокимияти давлатӣ, парлумон Шӯрои такрорӣ баргузор кардааст.

Ҳуқуқи дахлнопазириву “шитобкорӣ”-ҳои парлумон

Маврид ба зикр аст, ки аз ин қабл парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ҳуқуқи дахлнопазирии додрасҳо ва додситонҳоро маҳдуд намуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин коршиносон мегӯянд, ки ин “шоҳкорӣ”-ҳои парлумон ба вазъи сиёсии дохилии кишвар рабт дошта, илҳоме аз паёми раисҷумҳур мебошад. Дар ҳамин маврид Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, бесабаб нест, ки баъди паёми раисҷумҳур парлумони Тоҷикистон пайи ҳам масунияти мансабдоронро лағв мекунад. Муовини раҳбари ҲНИТ аз риоя нагардидани қонуни мазкур изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки аз мавчуд будани чунин як қонун, набуданаш беҳтар аст. Ба сифати далел номбурда аз боздошти Зайд Саидов ва бо баргузхории ҷаласаи фаврӣ ва бидуни ширкати шахсии номбурда бекор кардани ҳуқуқи дахлнопазириашро мисол овард. Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки шояд дар ояндаи наздик ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони мардумӣ ҳам мавриди муҳокима қарор бигирад: “Аслан ҳеч ҷойи тааҷуб ва нигаронӣ ҳам нахоҳад буд. Ин чӣ гуна дахлнопазирӣ аст, вақте додгоҳ нисбати вакили МН парванда боз карда, ҳукм ҳам содир мекунад?”.

Маҳдудияти дахлнопазирӣ танҳо ба мухолифин таъсир хоҳад дошт

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ки аслан якбора ба се қонуни конситутсионӣ ворид кардани тағйирот дар мавриди масунияти додситонҳо, додрасҳо ва вакилони ҳокимияти давлатӣ ҷойи нигаронӣ мебошад: “Зеро қабл аз баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ қарору қонунҳое баррасӣ мегарданд, ки татбиқи он на барои ҳама ҳатмӣ аст. Аз ин рӯ ҳамин дахлнопазирии вакилони ҳокимияти давлатӣ ҳам шояд на ба ҳама, балки ба онҳое таъсир дошта бошад, ки фаъолияти онҳоро ҳукумат чандон қабул надорад”.

Ба гуфтаи хонум Файзиниссо Воҳидова аслан парлумони Тоҷикистон мустақил набуда, пойбанди ишораҳои ҳукумати иҷроия аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)