Бахшҳо

Туркҳо Отатурк доранд, эрониҳо -- Хумайнӣ. Мо кӣ дорем?

Халил ҚАЮМЗОД

Хонандаи гиромӣ, дуруд!

Биёед, дар бораи миллат ва фарҳанги тоҷик як баҳси солиму созанда биороем.

Оё мо ҳамчун миллат метавонем сарҷамъ бошем, ё хайр?
Оё мо метавонем барои обрӯи миллатро ҳифз кардан аз Сухан ба амал гузарем?
Оё аз дасти мо коре бармеояд?
Оё бо суханбозию шиорпартоӣ метавон миллатро ба пешрафт бурд?

Медонед, барои чӣ имрӯз Сухан қадру манзалати худро аз даст додааст? Ба фикри ман, Сухан аз ҳад зиёд шуд. Шумо чӣ фикр доред? Шакарро камаш хуб мегӯянд дар урфият. Ба гумонам, рост мегӯянд.

Мо бояд намуна бошем, то ки сухани мо вазну таъсир пайдо кунад. Сухан он вақт метавонад тақдирсоз бошад, ки онро бо амал бипайвандем.
Магар мешавад бо гуфтани дасти ман то ба ситораҳои осмон мерасад дастони мо дар воқеъ ба ситораҳо бирасанд? Магар аз Сухан хаста нашудаем мо?

Пас, чаро бо ин ҳама сухандонӣ мо аз бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ баромада наметавонему натавонистем? Чаро ба дарди муҳоҷирон дармон намебахшем? Онҳое, ки морову давлати моро мехӯронанду мепӯшонанд. На суханони мо! Чаро ин ҳама сухандониҳо миллати моро аз нашъаҷаллобӣ, оҷиз будан дар назди хориҷиён наҷот дода натавонистанд? Чаро ин ҳама сухандониҳои мо моро ба мақсад расонда натавонистанд? Чаро…Чаро…Чаро?

Мо фарҳанги ғанӣ ва қадим дорем мегӯем, аммо дар бораи Самарқанду Бухоро ҳарфе намезанем. Мисле, ки агар ин корро бикунем, моро намефаҳманд ва ё девона мешуморанд. Баъд аз гузаштани чанд даҳсолаи дигар мо дигар ҳаққи даъво карданро ҳам аз даст медиҳем. Имрӯз узбакҳо бо фарҳанги тоҷикӣ мардуми оламро тасхир мекунанду мо ҳанӯз дар тӯфони суханбозӣ мечархем.

Миллати тоҷик миллати шаҳрнишин буд аз қадим, на миллати кӯҳистонӣ. Замони муборизаи фархангҳо даррасид. Кӯҳ дар Тоҷикистон ҳам кӯҳ асту дар Ҳиндустон ҳам ҳамон.

Чаро ин ҳама суханбозиҳои мо аз даруни мо як фидоӣ бароварда натавонист? Ягон нафар аз мо намехоҳад ва наметавонад ҷони худро барои миллат қурбон кунад. Дар мо ҳама чиз то ба ҳадди ифрот расидааст. Аввал Сухан, баъд дин, сиёсат, ҳокимият, ғорат, фиреб, номардӣ, танбалӣ, ҳасуд, нодонӣ, бечорагӣ…

Чаро туркон тавонистанд Отатуркро бипарваранд, эрониҳо Хумайниро, вале мо ҳеч касеро? Ё ҳасту хомӯшанд? Ҳануз бедор нашудаанд, то мардумро аз камдонишию камфарҳангӣ наҷот бидиҳанд? Шахсиятҳое мисли Хумайнӣ ва Отатурк дар қалби мардумашонанд ва бо гузашти ҳар ҳукумате акси онҳо ва номи онҳо, гуфтаҳои онҳо муҳтараманд

Миллати бечораем!?
Мӯҳр
сархуш
Мо бо Тураҷонзодаву Ҳоҷи Мирзову Эшони Нуридинҷон мефахрем

Як точики мусулмон
Мо ку Шумоя намедонем.. мо мардуми точики асли ки имруз узбак меномед ё фурухташуда мегуед ё бо иттихоми дигар мехонедамон.. аз аввал одампарвар набудем.. мо Худоро мепарастидем ва хохем парастид.. дар хама холат.. хар чизе ба сарамон омад аз такдири илохи гуфтем.. мубориза хам бурдем.. хидматамонро дар гузашта ва имруз асри 20 карда тавонистем ва хеч муттахамие надорем на дар баробари миллат ва на дар баробари уммат ва дигараш..гарчи имруз аз худам баромаду худамро .... гуфтаги барин оби биниша тоза карда наметонистагихотон (мафхари миллати моро тахкир мекунанд) моро ба майхорагиву хиёнат ва бединиву узбак шудан муттахам мекунанд.. (хатто то чое ки Самарканду Бухороро мо сохтем, шумо унчо хак надоред.. кулли бузургои ин шахрхо аз мо буданд.. яъне чи ин хазёнхо яъне чи ..ба ин ёвахо буза хандашу гусафанда гиряш мегирад албатта..аз он тараф акнун мугулзодаву мугулкардахо ку иддаохошону куфрашон хадду хисоб надорад... ачабо.. Худоё ин чи холест.. албатта ту Кодири якто рузе казоват хохи карду сомон хохи бахшид.. ) ин рузхо мегузаранд.. зиндаги давом дорад.... тарих хохад нишон дод... эхтимол Шумохо бошед ки ягон одама барои парастидан кофта гаштед....( ин хамон тафаккури бемори мугули- узбакист ки бештар ба Шумо сироят кардааст) дар мавриди чонро курбони миллат кардан бошад, Шумохо бародарои хунии мо ( ки вокеан хеле дустатон доштему дорем ва бо ноз дар багали фарханги хеш парвардему бузургатон кардем ки бузург нашудед) ин харфро аз китобхо хондаед... ва дар олами хаёл ба кавли Хочаи Шероз дидаед.. ва боз дар мавриди шиорпартои.. шоиротон ва дуругрушангаротона гун доред ки хар хел гапхои бемаъни ва нораво дар хакки мафхари як миллат ва як уммат назананд.. уно ба Шумо лозим набошанд ба мо лозиманд.. сарчамъи дасти Парвардигор аст.. мо агар бегунох намебудем моро ин кадар аз хам намепошид.. шояд гуноххое кардаему мекунем ки ба Худо хуш намеояд ва худамон намедонем....

Чабор
Мо Хасан дорем))))

Низоми
Бародар Халилҷон . Чаро надорем ?

Бор бор шунидаем,ки мегуфтанду ва ҳоло ҳам мегуянд,ки танҳо як шахс аст,ки идораи кишварро кардаанду метавонад, дигарон тавонои онро надоранд.Оё будани як шахс дар як вазифа солҳои тулони нишони дар оянда чун Ататурк ва ё Хумайнии гуфтаатон буда наметавонад ?

ШУХИ ШУХИ
салом бародар кӣ мега мо отатурку Хумайнӣ надорем?
прафесор Шабнами Сураё бо доктор Фарзона ва модарашон кӣ ҳастанд? оятулло Зикрулло бо Сироҷиддин чӣ кора ҳастанд инҳо ифтихороти мо ҳастанд ки миллати моро пеш бурда истодаанд албатта ба як ҷои дигар!
Ҳазрати Садриидини Наҷмиддинро мешиносӣ хела сурат бо Андӣ ва Гугуш дорад ва ҳар руз дар фесбук онҳоро мегузорад бибин мо чӣ қадар ифтихорот дорем! як бор дар бораи ин зарфияти азимӣ миллӣ яъне Нозияи Кароматуло фикр кардаи ки чӣ қадар сабаби пешрафт мост то ҷоеки ҳарруз барои шавҳар кардан нома дарёфт мекунад. ин марокизи азими миллӣ ки ба парваридани олимони арсаи санат ки ҳарруз ошу арақ хурда кансерт медиҳанд ва ҳамроҳашон як ё чанд коромузи дигар ба номи рақоса дошта мардумро ба пеш бурда истодаанд чаро фикр намекунӣ? ношкурӣ накун ҷура инҳо инқилоби бузурги миллӣ эҷод карда истодаанд читавр мисли Гандӣ Хумайнӣ ва Отатурк набошанд.

Халили Каюмзод бародари азиз бенихоят суханони дуруст навиштаед Рахмат.
Точикистони азизамон тули понуздах сол шудааст, ки дар сухан чунон тараки кардааст, ки хатто ба таъриф ва тавсиф васф карда намешавад яъне зиёд ва болост. Тамоми давлатхои дигари дунё бо илму техника электроника тараки кардаанд вале садхо милион афсус, ки Точикистони мо бо сухану бо таъриф, ки гуё Точикистон дар хакикат пеш рафта бошад.
'Мебахшед Точикистонро хапохап обод кунед ъамалан на бо сухани дуруг"

Бародар Халили Каюмзод ман як сухан шунида будам дар вакте, ки СССР буд. Ленин бо тарафдоронаш дар як чо давра заданд ва як мургро дар байнашон партофтанд .
Мурги бечора кадом тарафе, ки медавид як шата мехурд хулоса мург харчанд рохи гурез мекофт мидавид шата мехурд ва окибат мург мурд. Баъд аз он Ленин ба тарафдоронаш гуфт, ки бояд халки дехкон ва мардуми одди ба монанди хамин мург бо азоб муранд. Махсусан дар ватани Точикистони мо айнан хаминхел корхои зикршуда вучуд доранд.

Аз Кулоб
Ба Худо одилона бахо додаи.Ахсан! Ин хазратхои гуфтагиятон мардума бо клипхои нав ба нави дуздидаашон дикати мардумро ба худашон чалб мекунан ва ин сардорхо аз хавфи мардум дар аминан.албата дер давом намекунад

Бобои Файз
чаро мо идеал надоштаем, асосгузори давлати конуни Сангак, раиси суди Оли Н. Абдуллоев, кахрамони имруза ки буд.... ха енди худум Бобои Файзтон енди Нигинабону мо ким идеал не ми?

Хамин гуфтахои муаллиф; (Медонед, барои чӣ имрӯз Сухан қадру манзалати худро аз даст додааст? Ба фикри ман, Сухан аз ҳад зиёд шуд. Шумо чӣ фикр доред? Шакарро камаш хуб мегӯянд дар урфият. Ба гумонам, рост мегӯянд) мазмунан андешахои амрикоиро таквият медихад ки чи лозим газетаву хизбхои бисёр.
дустам, шумо барин миллатдустон ду се нафари дигар пайдо шавед аз Бозор Собир ата-точик месозед, не? Бозор марди бадкина нест, аммо хаввосашро идора карда наметавонад. Хайр бинед да, агар идеали милли инчунин нафарон бошанд, чомеа хам хавои мешавад

Патриот
Бародарам, Халил!!! Аз суханхоят бареояд, ки тамоман бандаи но шукри!!! Дар вучудат шайтон бози мекунад!!! Дар зиндаги НЕУДАЧНИК менамоед. Дар хакикат "Ватан дуст" будаед. Ба кучо даъват мекунед мардумро бародарам Халил? Аввал, Худованд Худаш Бузургу Доно аст, баъдан таърих худаш нишон медихад, ки Мо ки дорем!!! Шукри хамин тинчию осудагии ватанамон намекунед? Худованд бандаи ношукрашро нагз намебинад!!! Биёед аввал мо ободкорию созандагиро аз оила, дехоти худ сар кунем, на ин ки танкиди миллату давлати дигар!!! Дар панохи Худо!!!

камол
мо Ленин дорем ки ба мо мамлакату давлат дода ба по рост кард. агар на вилояти лакай-точикободи бухорои шариф мемондем. ё узбакистонифеъли ному нишонамонро аз сахипфаи китоби хаёт тоза мекард

Рустам
Мо Эмомали Рахмон дорем. Падари миллат зинда бод.

Фарид
МО МАРДУМИ ЗИНДАКУШИ МУРДАПАРВАРЕМ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Бародари Муаллиф!Дуруд бар шумо!
Бисёр навиштори бахангомро чустор кардаед.
Аз як мавриди ъарзи шумо чунин дарёфтам,ки:
Миллати тоҷик миллати шаҳрнишин буд аз қадим, на миллати кӯҳистонӣ.
Яъне мо-помириён,ки кухистони хастему ачдоду ниёконамон хамеша аз аъмоки калб худро точик гуфтанд,ки таърих онро гувост ва мо хам собит мекунем,мувофики мантику хаёли шумо кистем?
Раво набошад,чунин агар бар мо чашм мепушонед ва бар гузаштаи худ хам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)