Умеди Э.Раҳмон ба пуштибонии БОР аз роҳи оҳани бидуни Узбакистон
Имрӯз, 13-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Шиаоу Жао, ноиби президенти Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт.
Тавре Хадамоти матбуотии президент иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грант ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин мулоқот гуфта шуд, ки ҳоло бо маблағи 600 миллион доллар аз ин бонк, ки аксари он грант мебошад, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, молияи давлатӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор татбиқ мегарданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории таҳияи лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки Бонки осиёии рушд аз сохтмони ин роҳ низ дастгирӣ хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки дигар низ, аз ҷумла барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки дигар низ, аз ҷумла барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, миёни ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |