Шикасти сиёсати «як тиру ду нишон»-и Аврупо дар Сурия
Кишварҳои аврупоӣ аз фароҳам кардани бистари ҳузури мусулмонони ифротии муқими худ барои ширкат дар ҷанги Сурия мехостанд бо як тир ду нишон бизананд. Яъне аз як су мехостанд аз шарри ин афрод раҳоӣ ёбанд ва аз дигар су мехостанд аз тавони онҳо барои барандозии давлати Сурия истифода кунанд.
Монуел Волс, вазири кишвари Фаронса рузи ҷумъа эълон кард Иттиҳодияи Аврупо бояд худро барои муқобила бо таҳдиди ҷавонони аврупоӣ, ки дар Сурия дар канори гуруҳҳои ифротӣ меҷанганд, омода кунад. Вай ин суханонро дар нишасти вижае дар бораи ҳамоҳангии муборизаи зидди террористӣ дар Иттиҳодияи Аврупо баён кард, ки бо ҳузури вазирони кишварҳои Олмон,Англия, Белжик, Шветсария, Донморк, Испониё ва Сисилиё Молмудтрум, кумиссари умури дохилии Аврупо баргузор шуд. Ба гуфтаи Волс, беш аз 600 табаъаи аврупоӣ аз ҷумла 120 фаронсавӣ аз ибтидои муноқишаи Сурия дар даргирӣ бо Башор Асад, раиси ҷумҳури ин кишвар ҳузур доранд.
Ҳамчунонки мулоҳиза мешавад, вазири кишвари Фаронса ба таври талвиҳӣ аз бозгашти аъзои Ал-қоида аз ҷанг ба Сурия ба кишварҳои узви Иттиҳодия парда бардоштааст, аммо савол ин аст, ки чаро онҳо дар ҳоли бозгашт ба Аврупо ҳастанд ва дуюм инки чаро кишварҳои аврупоӣ аз фиристодани онҳо ба ҷанги Сурия мамониат накарда буданд?
Дар посух ба саволи нахуст бояд гуфт суханони вазири кишвар аз дигар намунаҳоест, ки нишон медиҳад ҷанги Ал-қоида ва дигар мухолифони мусаллаҳ дар Сурия ба шикаст анҷомидааст. Ҳарчанд ки алойми ин шикаст аз муддатҳо қабл рушан шуда буд, аммо ҳамзамонии изҳороти вазири кишвари Фаронса бо озодсозии шаҳри стратегии Ал-қайсар аз суи артиши Сурия ҳовии изъон ба ин воқеият аст, ки ҳомиёни ғарбӣ ва аврупоии мухолифони мусаллаҳи Сурия низ бо шикаст дар Ал-қайсар умеди худро аз даст додаанд.
Дарвоқеъ Ал-қайсар бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти худ дар миёнаи чандин шоҳроҳи иртиботӣ ва байналмилалӣ қарор дошт илова бар қочоқи силоҳ ва муҳимот ба Сурия ба маркази фармондеҳии мухолифони мусаллаҳи Сурия ва ҳомиёни ғарбӣ, арабӣ, исроилии онҳо даромада буд ва аз инҷо раванди ҷанг алайҳи давлати Сурия ҳидоят ва мудирият мешуд. Аз инру бино ба гуфтаи вазири кишвари Фаронса касоне, ки аз ҷанги Сурия солим монданд, дар ҳоли бозгашт ба кишварҳои мизбон дар Аврупо ҳастанд.
Аммо дар посух ба саволи дуюм бояд гуфт кишварҳои аврупоӣ аз фароҳам кардани бистари ҳузури мусулмонони ифротии муқими худ барои ширкат дар ҷанги Сурия мехостанд бо як тир ду нишон бизананд. Яъне аз як су мехостанд аз шарри ин афрод раҳоӣ ёбанд ва аз суи дигар мехостанд аз тавони онҳо барои барандозии давлати Суиря истифода кунанд. Дарвоқеъ ҳамон бозие, ки Амрико бо кумаки Арабистон дар ҷанги Афғонистон шуруъ карда буд, ин бор аврупоиён низ мехостанд бо кумаки Арабистон ва Қатар ҳамон бозиро дар Сурия анҷом диҳанд.
Аммо гуё ин кишварҳо фаромуш карда буданд, ки Амрико бобати он бозии хатарнок ҳазинаҳои сангине дар ҷараёни воқеъаи 11 сентябри соли 2001 пардохт кард. Аммо ин ҳазинаҳо метавонад дар камини Аврупо низ бошад бахусус бо ду ҳамлае, ки дар Лондон ва Париж ва ба як низомии англисӣ ва як низомии фаронсавӣ сурат гирифт. Аз ин дид изҳороти ҳушдоромези вазири кишвари Фаронса нишон медиҳад, ки зоҳиран Аврупо ин бозиро бохтааст ва агар дар гузашта Ал-қоида Амрикоро мавриди ҳадаф қарор медод аз ин пас Аврупоро бештар мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |