Восеъ: МАКТАБ - ҶОЙИ ТАРС Ё ДАРС? (АКС)

Волидони толибилмони мактаби рақами 27-и ноҳияи Восеъ дар рӯзҳои борони шадид аз тарси он ки синфхонаҳои садамавии кӯҳнаю валангор ба сарашон фурӯ наравад, фарзандонашонро ба дарс намемонанд.
Дар ин хусус ба хабарнигори “Озодагон” як нафар омӯзгори мактаб иттилоъ дод ва афзуд, ки “азбаски мо - муаллимон ва толибилмон доим дар тарсем, дарсҳоро ҳам хуб гузаронда намешавад. Ҳуши ҳама ҳамеша ба бому девор банд аст, ки ҳамин замон ё замони дигар онҳо чаппа мешаванд. Ин аҳвол то кай давом мекунад, маълум нест. Ба замми ин, дар инҷо аз замони бунёд то ҳол (!) майдонча ва толори варзишӣ вуҷуд надорад. Ин аст, ки дар айёми сардии ҳаво хонандагон умуман ба дарси варзиш фаро гирифта намешаванд”.
Бо таъйиди ҳамин манбаъ, ҳарчанд маъмурияти муассиса чанд дафъа ба мақомоти давлатии болоӣ муроҷиат кардаанд, то “барои бунёди майдончаи варзишию толор ва аз сари нав сохтани синфхонаҳои садамавӣ кӯмак кунанд ё ин ки барои майдончаи варзишӣ ва толор ақаллан замин ҷудо намоянд, вале мутассифона, то ҳол ҳеҷ кас ба арзи онҳо расидагӣ накардааст.”
“Умед дорем, ки баъди матраҳи ин мавзуъ дар расонаи шумо ба додамон мерасанд ва аз тарафи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва идораҳои дигар ба мо мадад расонида мешавад”-афзуд ҳамсуҳбати мо - муаллими ҳамин мактаб.
Дар муассисаи зикргашта, ки ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд шудааст, новобаста ба чунин вазъи ногувор, ҳамасола ҳудуди 600 нафар хонанда таълим мегирад ва 36 нафар омӯзгор кор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |