Бахшҳо
13 июн 2013 11:26Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Зоиров: “Ба Узбакистон барои мулоқот бо Ислом Каримов нарафтаам”

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, овозаҳо дар бораи бо қасди мулоқот бо Ислом Каримов ба Узбакистон сафар кардани ӯ ҳақиқат надоранд.

Ӯ дар саҳфаи фейсбукаш навишта, ки ба ҳамсоякишвар барои аёдати апа (хоҳарбузург)-и бемораш, ки дар зодгоҳи ӯ -- ноҳияи Бутонлики Узбакистон ба сар мебарад, рафтааст. “Дар асоси барқия визаи Узбекистонро гирифтам, аммо намояндаҳои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳама ҷо овоза доранд, ки Зойиров барои вохӯрӣ бо Ислом Каримов ба Узбакистон меравад, аз ҷумла намояндаҳои ин кумита дар вилояти Суғд ба аъзои ҲСДТ бо шиддат мулоқот карда, оид ба бадкорӣ ва хиёнати Зойиров хабар пахш кардаанд”,-навиштааст раиси ҲСДТ.

Раҳматилло Зоиров дар идома меафзояд, рӯзи 12-уми июн аз тариқи гузаргоҳи марзии Фотеҳободи Тоҷикистон ба Узбакистон ворид шуда, аз тариқи постгоҳи "Ойбек"-и Узбакистон ба Бустонлик сафар кард. “Баёнияи мазкурро барои он менависам, ки аллакай дар ҳудуди Тоҷикистон оид ба сафари ман ба Узбакистон хабархои нохуш ва бардурӯғ паҳн мегардад, ки воқеият надорад. Давоми 4 соли охир ҳамагӣ 2 бор ба Узбакистон сафар кардам, ин ҳам бошад барои зиёрати хешу табори худ. Ин навбат барои аёдати апаи калониям, ки маро аз кӯдакӣ ба воя расонидааст. Ман давоми даҳ шабонарӯз дар зодгоҳи худ ва ба табобати апаи калонам машғул мешавам ва пас ба Тоҷикистон бармегардам”,-гуфтааст ӯ.
Мӯҳр
Русњо масали хубе доранд: «Лучшая защита - это нападение», яъне «Њимояи бењтарин - ин њуљум аст».
Њаракатњои раиси ЊСДТ мањз њамин гуфтањоро ба хотир меоранд. Вагарна, кї медонист, ки Р. Зоиров ба Ўзбекистон сафар кардаасту бо каси оддї њам не, гўё бо президенти кишвари њамсоя И. Каримов вохўрї анљом медодааст? Э, ќанд. занед љаноби Зоиров. «Пиар актсия» бояд ана њамин хел бошад! Бо маќсади расидан ба њадафи сиёсї њама чиз бояд ќурбонї карда шавад. Њам нангу номус, њам шаъну шараф, њам пайванди хешу таборї, хуллас ягон чиз набояд муќаддас монад.
Аёдати беморон амали вољибу хайр аст, мо шуморо сад дар сад дастгирї мекунем. Вале ба њар њол, хотиррасон кардани он ки тавассути барќия раводид ба даст овардаеду ба воситаи постгоњи "Ойбек"-и Ўзбекистон ба ноњияи Бўстонлик сафар кардаед, чи маънї дошта бошад?
Магар мардум фикр намекунанд, ки дар љараёни ин њама гирудорњои ахир, марзро ба осонї убур кардани як сиёсатмадори баландмартаба, зиёда аз ин роњбари њизби сиёсї ва созмондињандаи эътилофи нав, оё воќеан њам шубњаовар нест?

Хаким
Кароче азхоби сиёсй ягона номзад Р.Зойировро интихоб кардан. Яъне номзадеро, ки Узб. дастгири мекунад. Интихообот бо шиори Рахмон или И.Каримов гузаронида мешавад.

Рост мегуед! Агар не, чаро бо вучуди он ки Зойировро агенти Узбекистон мегянд, як бор нашуд, ки зидди амалхои ин кишвар садо баланд кунад? Вакте ин кишвар барои мо ягон мушкил эчод кард, ин мардаки хуб об дар дахон мегирад. Дар масъалаи Русия хам хамин тавр аст. Намедонам, чаро вай руирост нишон медихад, ки манфиатхои милли барои вай чизе нестанд. Намедонам ки чаро вай гох дар пеши Наришкин аз Точикистон меноладу гох эълон мекунад ки то хануз факат ба узбекию руси шеър менависад. Магар як лидери хизби сиёси дар Точикистон истода, магар чунин гапхо мегуяд? Никобро аз руй бардоред чаноби Зойиров, имои аслии худро нишон дихед. Чаро то ин вакт нарафтед ба Узбакистон? Чаро махз имруз? Шарм кунеде, наход пиару рекламаи худ апаи беморатонро мисол оред. Ба шумо намезебад, камтар инсоф кунед. Барои мухочирон коре кунед, барои матбуот коре кунед, барои миллати чафодида коре кунед он вакт ман шуморо душману агент намехисобам.

Устоди гироми хато кардед да! О корманди ягон макомот расман нагуфтааст ки Узбекистон рафтаед. Ин гапро худи Шумо гуфта истодаед ва бисёр хушру илова мекунед ки максад вохури бо Каримов аст. О у флешкахода ки дар банди шиматон руст карда бурдаед чи хаст? Агар маълумоти махфи набошад чаро дар банди шалвор руст кардед? Чосуси сиёси шудаед да бехтараш наоед!

'ba zodgohash raftaast'?-inro ki dar hukumati tj joi kardaast?in zoirufash az uzbakiston budast ku.man shuxi mefahmidam..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)