Акси якҷояи миллиардери эронӣ ва Зарифӣ аз Фейсбук “ғайб” зад

Акси якҷояи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз саҳфаи Фейсбуки аввалӣ ғайб задааст.
Дар ин акс, ки эҳтимол дар тарабхонае бардошта шудааст, Бобак Занҷонӣ, Ҳамрохон Зарифӣ ва чанд тани дигар ҳангоми ғизохӯрӣ буданд. Худи Занҷонӣ дар поёни ин акс навишта буд, ки “бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон, мушовири раисиҷумҳур ва чанде аз дӯстонам”.
Акси мазкур вокунишҳои зиёдеро дар шабакаи иҷтимоӣ ба бор овард. Аммо баъдан он аз саҳифаи фейсбуки Бобак Занҷонӣ ғайб зад.
Бобак Занҷонӣ, ки яке аз калонтарин шарикони сармоягузори Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ахиран дар Фейсбук хеле фаъол шуда ва аксҳоеро бо ширкати афроди шинохта ба намоиш мегузошт.
Чанде қабл, ӯ дар саҳифаи интернетияш навореро нашр кард, ки дар он боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тарҳҳои Занҷонӣ муфассал ба намоиш гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспрес”, соҳиби нави автовокзали Душанбе ва бонки «Kont Investment Bank» ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Дар ин навор дида мешавад, ки ба Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз автовокзали таҷдидшудаи Душанбе аввалин чиптаи тиллоии ширкати “Осиё Экспрес” тақдим мешавад. Соҳиби ин чипта якумр аз хизматрасониҳои ройгони ширкат бархӯрдор хоҳад буд.
Ахиран, парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан низ парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.
Моҳи апрели соли равон Вазорати молияи Амрико Бобак Занҷониро дар «пулшуӣ» ё қонунӣ гардондани маблағҳое ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам карда, нисбат ба ӯ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар рӯйхати ширкатҳои Занҷонӣ, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтааст, аз ҷумла “Kont Investment Bank”, қароргоҳаш дар Душанбе зикр шудааст. Ин бонк сад дарсади саҳмияҳои «Asian Express Airline»-ро дар ихтиёр дорад, ки соҳиби автовокзали нави Душанбест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |