То анҷоми марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонӣ 4 бозии дигар монд
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-06/1371032906_1370885780_img_1540.jpg)
Пас аз чаҳор бозии дигар, марҳиллаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом мерасад.
Се вохурии дигари марҳилаи аввали мусобиқаи мазкур рӯзи 15-уми баргузор мегардад. Феълан дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб бо 24-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Ин ду даста, ки барои қаҳрамон шудан дар ҳамаи бозиҳояшон ғалаба карда ва дар садри ҷадвали нишастаанд, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ба сабқат мебароянд.
Дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа қувваозмоӣ мекунанд.
Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо тими “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон вориди сабқат мешаванд.
Вохурии охирони даври аввлимусобиқа рӯзи якшанбе 16-уми июн миёни дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан- “Хайр”-и Ваҳдат дар варзишгоҳи марказии Истаравшанбаргузор мегардад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 6 тӯб, Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр”), Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5-тӯбӣ, Александр Кудряшов, Виллер Оливейра, Юҷин Сепуйя (ҳарсе – “Истиқлол”), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Комил Саидов ("Регар-ТАДАЗ") - 3-тӯбӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |