Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)
Созмони ҷаҳонии кор (СҶК) дар робита ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо кори кӯдак, ки ҳамасола 12-уми июн таҷлил мегардад, гузориши тозаи худро нашр кард.
Бино гузориши ин созмон, беш аз 10 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон дар шароити ғуломдорӣ дар манзилҳои шахсӣ ба фаъолият машғуланд. Пажуҳишгарон мегӯянд, 71 дарсади кӯдакони мазкурро духтарон ташкил медиҳанд ва 6,5 миллиони онҳо аз синни 5-солагӣ ба кор шурӯъ мекунанд.
СҶК дар гузориши худ, «Решакан намудани меҳнати кӯдак дар шароити хонавода», овардааст, ин кӯдакон одатан дар манзилҳои шахсони саввум ва ё корфармо кор карда, бештар бо рӯбучин, обкашонӣ, дарзмол кардани либосҳо, омода кардани ғизо, нигоҳбунии пиронсолон, тифлон ва боғ машғуланд.
Констанс Томас, раҳбари барномаи байналмилалии СҶК оид ба решакан намудани меҳнати кӯдак, мегӯяд, "аксари онҳо ба хушунати физикӣ, равонӣ ва ҷинсӣ гирифтор шуда, корфармоён бештар онҳоро аз чашми мардум дур нигоҳ медоранд, то комилан аз лиҳози равонӣ онҳо вобаста ба корфармои худ бошанд."
Тасвири кори кӯдакон дар Тоҷикистон:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |