Саудӣ квотаи ҳоҷиёни қирғизро кам кард. Тоҷикистону Узбакистон: Ҳанӯз номае нагирифтаем
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, шумораи ҳоҷиёни ин кишвар дар мавсими “Ҳаҷ-2013” нисбат ба солҳои қаблӣ 20 дарсад коҳиш меёбад.
Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Идораи дини Қирғизистон гуфтааст, ин ниҳод аз Арабистони Саудӣ дар мавриди коҳиши шумораи квота барои ҳоҷиёни қирғиз расман нома гирифтааст.
Ба гуфтаи ниҳоди мазкур, дар ин нома омадааст, кам гардидани теъдоди квота танҳо барои Қирғизистон набуда, ба дигар кишварҳо низ рабт дорад: “Азбаски дар фурудгоҳи Ҷидда ва Мадина корҳои бозсозӣ ҷараён дорад, шумораи иштирокдорони мавсими “ Ҳаҷ-2013” то 20% кам карда мешавад.”
Аммо Кумитаи умури дини назди президенти Узбакистон мегӯяд, онҳо ҳанӯз дар ин бора номае аз Арабистони Саудӣ нагирифтаанд. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи дини Узбакистон, ин ниҳод ҳоло барои гузаронидани мавсими “Ҳаҷ-2013” омодагӣ мебинад ва қарор аст, дар он беш аз 5 ҳазор шаҳрванди узбак иштирок кунад.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз эҳтимол коҳиш ёфтани квота барои ҳоҷиёни тоҷик хабар доранд, вале дар ин бора ҳанӯз номаи расмие ба унвони ин ниҳод наомадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |