Бахшҳо

Чаро ҳукумат мухолифини кӯчакашро ҳам саркӯб мекунад?

Агар аз канор нигарем, корзор ё маъракае, ки зидди мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст, метавонад як кӯшише барои бартараф намудани ҳар монеа дар роҳи ғалабаи президенти имрӯзаи кишвар дар интихоботи моҳи ноябри соли равон ба назар расад. Аммо, ба гуфтаи баъзе коршиносони сиёсӣ, ин нигарониҳо бештар ба тарс аз норозигии бозигарони беруна, мисли Русия марбут аст, ки аз роҳбари феълии кишвар норозиянду хоҳони ивазшавиашанд.

Вазири собиқи саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов 19-уми май, як моҳ пас аз эълони тасмимаш барои таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» боздошт гардид. Баъд аз шаш рӯз сиёсатшиносону сиёсатмадорони мухолиф, ҳуқуқшиносон ва фаъолони ВАО гуруҳи «Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро таъсис доданд, ки дар навбати худ кумитаи ҳифзи Саидовро кушод. Таҳдидҳо ба аъзои гуруҳ дарҳол сар шуд.

Журналист Мавҷуда Соҳибназарова, аъзои гуруҳи ташаббускори «Тоҷикистони нав» ва аъзои Эътилофи мазкур дар суҳбат бо ВАО гуфт, тариқи телефон ва шабакаи Facebook ба ӯ ва хонаводааш таҳдид кардаанд, ки нобудашон мекунанд. Дар пайёмҳо, ба ӯ фармон додаанд то аз ҳизб берун шавад ва Саидовро ҷонибдорӣ накунад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) 28-уми май ӯро дар хусуси узвият дар ҳизб пурсуҷӯ намуда, ба ӯ ваъда додаанд, ки таҳдидҳо ба ҷон ва оилаи ӯро таҳқиқ хоҳанд кард.

Узви дигари эътилоф, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, ки дар рӯзномаи «Азия Плюс» кор мекунад, рӯзи дигар ба КДАМ даъват шуд. Дар суҳбат бо ВАО ва дар Facebook гуфт, ба ӯ дар хусуси Саидов ва сабабҳои ба Эътилоф ворид шуданаш суҳбат кардаанд. Ӯро ҳушдор додаанд, ки “қувваҳои хориҷию дохилӣ” метавонанд аз ӯ барои мақсаду манфиати худ истифода намоянд.

Ин ҳама, узви дигари Эътилоф, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зоировро водор сохт, то номаи саркушодае бо мазаммати фишор ба ҳамсафони ӯ дар Эътилоф пахш намояд.

Дастгирии Саидов дар паи чораҳои расмӣ зидди Умаралӣ Қувватов рух дод, ки маҷбур шуд ба Русия равад, чун бизнеси ӯ аз ҷониби шахсони бонуфуз харида шудааст, ё ба гуфти худи Қувватов, аз ӯ кашида гирифтаанд. Соли гузашта Қувватов созмони мухолифи «Гуруҳи 24»-ро таъсис дод, ки оиди фасод дар ҳукумати феълӣ рӯирост хабар медод.

Моҳи декабр бо талаби ҳукумати Тоҷикистон ӯро дар Дубай бо гуноҳи соҳибкории ғайриқонунӣ боздошт намуданд. Дубай талаби ҷониби Душанберо оид ба истирдоди ӯ қабул намуд. Дар аввали сол созмони «Amnesty International» изҳори нигаронӣ карда буд, ки агар Қувватовро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, ӯ метавонад мавриди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати номатлуб гардад. Вакили мудофеи ӯ Николай Николаев, ба IWPR гуфт, Қувватов то баррасии даъвои шикоятӣ, ки ба моҳи август вогузор шудааст, дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Бар хилофи Саидов, Қувватов мегуфт мехоҳад дар интихоботи президентӣ дар соли равон иштирок намояд. Ӯро гуруҳи мухолифини ҳукумат дар хориҷ аз кишвар дастгирӣ мекард ва ӯ миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ҷонибдорони худро пайдо карданӣ буд. Қувватов борҳо гуфта буд, ки бо одамони наздики президент кор кардааст ва таҳдид дошт, маълумоти махфиеро пешкаши мардум мекунад, ки бар зарари ҳукуматдорону наздиконашон хоҳад буд.

Таваҷҷуҳ ба Саидов ва Қувватов аз он маншаъ мегирад, ки инҳо аз насли нави сиёсатмадороне ҳастанд, ки метавонанд ба фазои сиёсӣ нафасе тоза ворид кунанд.

Мурофиаи судӣ зидди Қувватов ӯро аз имкони иштирок дар интихобот маҳрум мекунад, чунки мувофиқи қонун, шахсоне, ки доғи суд доранд, наметавонанд дар интихобот иштирок намоянд. Идораи ҳукумат аз ҷониби президенти имрӯза то ҷое ба ӯ кафолати ғалаба дар интихоботро медиҳад.

Ҳукумат ҳамчунин кӯшиш кард Абдумалик Абдуллоҷонов, ки замоне бонуфуз буд ва дар солҳои 1992-93 сарвазири кишвар буд, ба Душанбе истирдод шавад. Аммо ин кӯшиш бенатиҷа анҷомид, чун Украина ин хоҳиши Тоҷикистонро рад намуд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, ҳукумат на аз он тарсид, ки Абдуллоҷонов баргашта, дар интихоб иштирок мекунад. Мояи тарс он буд, ки ӯ метавонад номзадеро мисли Қувватов дастгирӣ намояд ва аз ҳама муҳим тарс аз он, ки бозигарони хориҷӣ ва маҳз Маскав, дар ҷустуҷӯи ҷонишине барои Раҳмон пас аз бист соли ҳокимии ӯ аст.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос, дар суҳбат бо IWPR гуфт, «ҳеч кадом аз инҳо [Абдуллоҷонов ё Қувватов] имрӯз худ ба худ бозигари ҷиддии сиёсӣ нестанд ва дар дохили Тоҷикистон ҷонибдорони зиёд надоранд. Дар ҳамин ҳол, ақидае ҳаст ва эҳтимол ҳукуматдорони тоҷик низ бар онанд, ки ин мухолифинро қувваҳои хориҷии бузурги бархӯрдор аз имконоти калони иқтисодию ташкилӣ ва фишанги фишор, пуштибонӣ мекунанд».

Муллоҷонов мегӯяд, ин ақидаро маблағгузорӣ шудани мухолифини тоҷик аз ҷониби ҳукуматҳои хориҷии норозӣ аз ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон, тақвият бахшидааст: «Шояд далели ҳукумат барои саривақт бартараф намудани чунин хатарҳо ҳамин бошад».

Коршиноси аршад оиди Осиёи Марказӣ дар Русия, Аркадий Дубнов мегӯяд, ҳассос будани ҳукумати Тоҷикистон нисбати «дахолати хориҷӣ» оинаи ҳаводисест, ки дар худи Русия ба вуқӯъ мепайванданд: «Ҳукумати Тоҷикистон дучархаро дубора ихтироъ накарда, балки ҳаммонанди Кремл, мувофиқи мантиқи низоми дилхоҳи авторитарӣ, амал мекунанд. Барои онҳо, мухолифин бидуни дастгирии хориҷӣ буда наметавонад, ки ин дастгирии хориҷӣ аз ҷониби мамолики зидди ҳукумат ироа мешавад. Ҷолиб аст, ки барои ИМА чунин қувва Кремл асту барои Раҳмон – Кремл ва сохторҳои наздики ба он».

Дубнов афзуд, ки «Навалний дар ИМА таҳсил карда буд ва дар он ҷо алоқаҳои худро дорад. Саидов дар замони вазириаш дар Русия одамони худро пайдо кард. Аз рӯи мантиқи «қалъаи муҳосирашуда», акнун Навалниро амрикоиҳо ва Саидовро русҳо пуштибонӣ мекунанд? Бовар кунед, барои интихобкунандаи бадониш, тасдиқи ин кофӣ нест … »

Тоҷикистон аз Русия, ҳамчун шарик, дар масоили амният ва иқтисод бастагӣ дорад. Дар баробари ин, шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик онҷо машғули меҳнатанд, ки интиқоли пули онҳо қисми бештари бучаи кишварро ташкил мекунад.

Давоми солҳои тӯлонӣ Маскав Раҳмонро дастгирӣ мекард, аммо ба ақидаи таҳлилгарон, Кремл ҳарчӣ бештар аз қарорҳои ӯ норозист. Мисол, ба дарозо кашидани тавсиби созишнома оиди тамдиди ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва муқобилат накардани Душанбе бо реэкспорти маводи нафт, ки русҳо мехоҳанд бо нархи арзон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Лола Олимова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон
Мӯҳр
Азим
Русия ё Амрико ё Эрон мехоханд, ки Точикистон бозичаи дасти онхо бошад. Аз ин ру мехоханд Точикистонро ба тазохуроту нотинчй кашанд. Худо мардуми мора акл дихаду фирефтаи онхо нагарданд, гарчанде ки онхо бо пул метавонанд ба бисёр чиз ноил шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)