Узбакистон: Ҳуқуқдон барои бозгардондани табибон аз саҳрои пахта латту кӯб шуд
Елена Урлаева, ҳуқуқдони узбак, ки ба хотири бозгардондани пизишкон (табибон) аз пахтазор ба беморхонаҳо даст ба эътироз зада буд, зери латту кӯби пулиси кишвараш қарор гирифт.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, Урлаева гуфтааст, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Урта-Чирчии Узбакистон ӯро ба хотири даст ба эътироз заданаш боздошт карда, зери латту кӯб қарор додаанд.
Ба гуфтаи ин ҳуқуқшиноси узбак, раҳбарони беморхона ва мақомоти пулиси маҳалии ноҳияи мазкур рӯзи 10-уми июн тамоми кормандони беморхонаҳоро иҷборан ба пахтазор баровардаанд. “Худи ҳамшираҳо мегӯянд, ин бори аввал нест, ки онҳоро ба майдони пахта меоранд, ин раванд аз моҳи апрел ба ин сӯ идома дорад”,-гуфтааст ин ҳуқудони узбак.
Елена Урлаева, ҳуқуқдони узбак, рӯзи 10-уми июн бо чанд тан аз ҳамтоёни худ, баъд аз огаҳӣ ёфтан аз ҳузури иҷбории ҳамшира ва пизишкон дар пахтазорҳо дар назди бинои зоишгоҳи ноҳияи Урта-Чирчӣ даст ба тазоҳурот зада, хостори баргардондани онҳо ба ҷои корашон шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |