Тоҷикистон истихроҷи нафту гази худиро 7 баробар зиёд кардааст
Дар пасманзари қатъи интиқоли гази Узбакистон ва таъхир дар лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, мақомоти тоҷик мегӯянд, истихроҷи нафту гази худиро 7 баробар зиёд кардаанд.
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар панҷ моҳи соли равон дар саноати истихроҷ 465,5 миллион сомонӣ ва дар саноати коркард ба маблағи беш аз 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст: «Аз соҳаҳои асосии саноати истихроҷ ва коркард, суръати аз ҳама баланди афзоиш дар кофтукови чоҳҳо, истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ (6,8 баробар) истихроҷи ангишт (2,2 баробар), истихроҷи дигар канданиҳои фоиданок (2,1 баробар) ва истихроҷи маъдани филизӣ (143,1%) таъмин гардидааст».
Дар маҷмуъ ин ниҳод мегӯяд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 5 моҳи соли равон 3 миллиарду 772,2 миллион сомониро ташкил додааст. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 108,2% баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 285,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Вазорат таъкид мекунад, ки дар панҷмоҳа дар ҷумҳурӣ 142 корхонаҳои баланси мустақилдошта ва корхонаҳое, ки ҳамин давраи соли 2012 фаъолият надоштанд, аз ҷумла дар системаи Вазорат 62 корхона, ба кор дароварда шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |