Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дирӯз дар ноҳияи Ҳисор тахминан соати 01.00-и шаб, ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш вориди хонаи истиқоматии шаҳрванд Мансур Маҳмудови 70 сола (истиқоматкунандаи ҷамоати Хонақо, рустои Дучинора) шуда, молу колои хонаводаро ба яғмо бурдаанд. Бино ба қавли соҳибхона, ғоратгарон бо таҳдиди камону корд аз онҳо 2300 сомонӣ пули нақд, 2-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ арзишашон 550 сомонӣ, ва 3-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногун, ҷамъ ба маблағи 3220 сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Алъон дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишотро шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор ба зимма дорад.
Мӯҳр