Чин дар Тоҷикистон ҷои Русияро мегирад?
Сиёвуш Қосимзода
Сафири Тоҷикистон дар Чин дар дидор бо донишҷуёни донишгоҳи North China Electric Power гуфтааст, ки тавсеаи муштараки зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон омили муҳими дохиливу минтақаии рушди иқтисодӣ ба шумор меравад ва Чин метавонад аз ин фурсат барои сармоягузорӣ дар ин тарҳҳо истифода кунад.
Аксари нерӯгоҳҳои хурд бекоранд
Тавре сайти сафорати Тоҷикистон дар Чин иттилоъ медиҳад, Тоҷикистон дорои ғанитарин захоири гидроэнергетикӣ дар Осиёи марказист ва алоқаманд аст, то ширкатҳои чинӣ ва русиву эронӣ фаъолона дар сохти нерӯгоҳҳои хурду миёна дар дарёчаҳои дохилии кишвар ширкат намоянд. Зарфиятҳои мавҷуд иҷоза медиҳад, то миқдори қобили таваҷҷуҳи барқ барои ниёзҳои дохиливу содирот истеҳсол гардад.
Дар ҳамин маврид коршиноси масоили иқтисодӣ Шамсиддин Ҷалолов сохтани нерӯгоҳҳои хурдро яке аз ҷузъҳои амалии истиқлолияти энергтикии кишвар дониста, ки метавонад дар зиндагии ҳамарузаи мардум нақши муҳим бозад.
"Аз лиҳози иқтисодӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна ин муҳимият дорад. Фақат назорат аз рӯи амалишудани ин нерӯгоҳ пурзўр гардад ва тендерҳо ҳам шаффоф бошанд чун яке аз сабабҳои иҷро нагардидани ин сохтмонҳо аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад", мегӯяд Шамсиддин Ҷалолов
Дар ҳоле кишвари Чинро барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон ташвиқ мекунанд, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон 305 нерӯгоҳи хурд вуҷуд дорад, вале аз нисф бештари онҳо яъне 164 адад кор намекунанд.
Мисле, ки арзёбиҳои географиву фанниву техникии нерӯгоҳҳои хурд ончунон дуруст набудааст, ки имрӯз бештари онҳо кор намекунанд. Тавре Собир Лутфуллоев иқтисоддони тоҷик мегӯяд, мутаассифона сифати арзёбиҳои қаблӣ хеле поин будааст, чунки нисфи нерӯгоҳҳои хурд кор намекунанд. Онҳо бе назардошти камобии мавсими сармо бунёд шудаанд.
"Ин маънои онро надорад, ки мо бояд нерӯгоҳҳои хурд насозем, бояд созем танҳо дар ҷойҳои мувофиқ. Вақтҳои охир созмонҳои байналмилалӣ бо баҳонаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд кишвари моро мӯътақид карданияд, ки аз сохтмони нерӯгоҳҳои калон мисли Роғун даст кашад. Аммо набояд ба ин чиз розӣ шавем, чунки маҳз Роғун метавонад кишварро кулли сол бо барқи доимӣ таъмин кунад", изҳор дошт Собир Лутфуллоев.
Чин барои Тоҷикистон кадр таёр мекунад
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи сафири Тоҷикистон бо донишҷуёни чинӣ ба натоиҷи боздиди сафари Эмомалӣ Раҳмон ихтисос дода шуда буд, ки 20-уми май соли ҷорӣ бо муваффақият хотима ёфт. Сафир аз ояндаи муҳандисин ва тавоноии онҳо ба унвони яке аз бахшҳои муҳими музокироти худ ёд кард. Дар ин ҷаласа сафири Тоҷикистон диққати ҷиддие ба ҳамкориҳои стратегии иқтисодии ду кишвар аз ҷумла дар бахши энергетика дод. Дар дидор бо яке аз дабирони донишгоҳи Чин бар сари ҳамкории донишгоҳи NORTH CHINA Electric Power бо муассисоти олии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардид.
Тарафи чинӣ дар ин дидор омодагии худро барои тайёр намудани кадрҳо барои Тоҷикистон эълом намуд. Айни ҳол дар донишгоҳи элекроникии Чин ду донишҷўи тоҷик таҳсил мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон мутахассисони соҳаи энергетикаро дар Тоҷикистон на онқадар ҳирфаӣ арзёбӣ намуда мӯътақиданд, ки ихтисосмандони варзидаи ин соҳа кайҳо боз кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин ихтисосмандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо мутахассисони Сангтудаи 1 ва Сангтудаи 2 қиёснашавандаанд.
Роғун аз даст рафт?
Дар як сол барои Тоҷикистон 20 миллиард киловат соат барқ лозим аст. Бо ин вуҷуд Тоҷикистон солона 17 миллиард киловат соат барқ истеҳсол мекунад ва барои кишвар дар фасли зимистон 3,5 миллиард киловат соат барқ намерасад. Дар фасли тобистон баръакс 3,5 миллиард киловат соат барқ барзиёд истеҳсол мегардад. Инро коршиносон ба гидроэнергетикӣ будани энергетикаи Тоҷикистон марбут медонанд. Дар зимн соли 2012 - 6,5 миллиард киловат соат барқ истеҳсол нашуд. Фурўши барқ ба хориҷа порсол 666,7 миллион киловат соатро ташкил дод. Ҳамчунин истеҳсоли рӯзонаи барқ дар якшабонарӯз барои Тоҷикистон 50 миллион киловатро фаро мегирад. Ва беҳтарину босуръаттарин роҳ барои дастёбии Тоҷикистон ба мизони барқи мавриди назараш ин сохтани на нерӯгоҳҳои хурду миёна, балки калон яъне Роғун аст.
Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ки бунёди нерӯгоҳи обӣ дар тазод бо нерӯгоҳи Роғун нест, зеро ин нерӯгоҳҳои хурд барои корхонаҳои маҳсулотбарории кишвар ҳамчун боду ҳаво лозим аст ва раванди оддии рушди ин соҳа мебошад. Агар ба иқтисодиёти кишварҳои рушкунанда назар гардад, 70 дар сади даромади мардум ва маҳсулотистеҳсолкунӣ ба ин намуди корхонаҳо рост меояд. Аз ин рӯ нерӯгоҳи Роғун на танҳо мардуми кишвари ҳамсояҳои дуру наздикро бо барқ таъмин мекунад, балки сиёсати геополитикии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи марказӣ муаян менамояд. Бо инки Роғун барои Тоҷикистон муаянкунандаи ҷойгоҳи геополитикӣ ва расидан ба истиқлолияти энержист, аммо дар ҳоли ҳозир камокон сарнавишти ин нерӯгоҳ номуайян боқӣ мондааст.
Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон агар бихоҳад мушкили бебарқии худро бо сохтани нерӯгоҳҳои калон ҳал намояд, ба мушкилиҳо бо ҳамсояҳо дучор мешавад. Барои сохтани нерӯгоҳи калон дар Тоҷикистон на Чину на Русия омода нестанд чун ҳардуяшон манофеи стратегии зиёдеро дар Осиёи марказӣ доранд.
"Ноилшавии ин манфиатҳо бе таъмин намудани муносибати ҳасана ба ин манофеъ аз ҷониби Узбакистон имконнопазир аст. Аз баски Узбакистон мавқеи стратегиро аз нигоҳи географӣ дар Осиёи марказӣ дорад, ҷамъияташ калон асту бештар лўлаҳои газ аз хаташ мегузарад, обрӯи ин кишвар дар байни давлатҳои калон баланд аст ва онҳо баҳри таъмини манофеи худ ҳавасманданд, ки ба мавқеи Узбакистон розӣ шаванд", гуфт Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ.
Ба гуфтаи ин коршинос, иваз намудани тасмими абарқудратҳо дар мавриди нерӯгоҳҳои калон дар ҳамин вақту ҳол имкон надорад. Чиниҳо ҳар коре, ки кунанд ба субот мерасонанд ва сохтани нерӯгоҳҳои хурд бо чиниҳо мувофиқтар аст назар ба дигар гурўҳҳо. Тоҷикистон 15 бор муроҷиъат кард, аммо Русия не гуфт, зеро дар инҷо мавқеи сахти Узбакистон меистад. То ин мавқеъ дигаргун нашавад, ягон сармоягузори ҷиддӣ барои кор кардан дар Роғун пайдо намешавад. Ба қавли Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, танҳо Эрон ќодир аст нерӯгоҳҳои калонро дар Тоҷикистон созад ва агар манофеи Чину Русия бо Эрон сахт баробар мебуданд, шояд мавқеи ин кишварҳо ҳам дигар мешуд. Ин аз Тоҷикистон вобаста аст, ки то кадом андоза ин омодагии Эронро барои сохатани ин нерӯгоҳ истифода бурда метавонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |