Мусобиқаи волейбол миёни наврасону ҷавонон дар вилояти Суғд
Рӯзҳои 18-22-юми июни соли равон, дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни ҷавонписарони солҳои таваллуди 1990-1097 доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур дастаҳои вилояти Суғд 1, Суғд 2, Душанбе 1, Душанбе 2, Хатлон 1 (минтакаи Қургонтеппа), Хатлон 2 (минтакаи Кӯлоб), ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва водии Рашт барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.
Ғолибон бо диплому медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва тӯҳфаҳои Федератсияи волейболи кишвар қадрдонӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |