Толибон: Мо сари кӯдаконро аз тан ҷудо накардаем
Рӯзи гузашта, 10-уми июн аз қаламрави музофоти Қандаҳори Афғонистон ҷасади бе сари ду кӯдак пайдо шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо мақтулон яке 11 ва дигарӣ 12 сол доштаанд. Гуфта мешавад, ҷасади бе сари онҳо аз маҳалли Жерай пайдо шудааст.
Шабакаи телевизионии «Тулӯъ»-и Афғонистон хабар дода, ки бо эҳтимоли зиёд ин кӯдакон аз хонаводаи фақир буда ва ҳангоми аз нуқтаи назоратӣ ба хона баргаштан мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Мақомоти Қандаҳор ин ҳодисаро шадидан маҳкум карда, гуфтаанд, он кори дасти Толибон аст. Аммо намояндаи Толибон даст доштани худро дар буридани сари ду кӯдак рад кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |