Сокинони Самарқандак роҳи Шӯроб-Ворухро бастаанд
Ҳудуди ду ҳазор сокини деҳаи Самарқандаки вилояти Бодканд (Қирғизистон) рӯзи даҳуми июн ба нишони эътироз аз он ки сокинони Тоҷикистон заминҳои баҳсноки наздимарзиро аз худ намудаанд, гирдиҳам омаданд.
Бино ба иттилои ҳукумати Бодканд, эътирозгарон аз он норизоӣ кардаанд, ки тоҷикон гӯиё дар заминҳои баҳсноки наздимарзӣ хона сохтава дарахт шинондаанд. Ба қавли манбаъ, дар посух ба ин амали тоҷикон эътирозгарон роҳи Шӯроб-Ворухро бастаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои масъулини қирғиз аз тарафи Тоҷикистон низ ҳудуди 500 нафар ҷамъ шуда будаанд, вале кормандони пулис, ки саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, аз даргирӣ ҷилавгирӣ намудаанд.
Инчунин, ба ҷои ҳодиса вакили парлумони қирғиз, Омурбек Текебаев ҳозир шуда, дар суҳбат бо гирдомадагон ваъда додааст, ки ҳамаи талаботашонро ба роҳбарияти кишварашон мерасонад.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Вале ахиран раиси устони Суғд -- Қоҳир Расулзода аз маҳалҳои баҳсноки марзӣ боздид карда ва гуфт, як ваҷаб марзи кишварро ба бегонагон намедиҳанд. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, агар баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯи асноде, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, сурат бигирад, эҳтимол тоҷикон қисме аз заминҳояшонро аз даст бидиҳанд. Иддаое, ки мақомот дар ҳоли ҳозир рад мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |