Гирдиҳамоӣ зидди муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ва Қафқоз
Сокинони шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба хотири ҷонибдорӣ аз ҷорӣ шудани низоми раводид ё виза миёни ин кишвар ва Осиёи Марказию Қафқоз гирдиҳамоӣ мекунанд.
Расонаҳои русӣ аз қавли Семен Пихтелев, раҳбари ҳаракати “Демократияи миллӣ”-и Петербург иттилоъ додаанд, ки 12-уми июн дар шаҳри Санкт-Петербург гирдиҳамоие зери унвони “Рӯзи истиқлолияти Русия аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Пихтелев, ин гирдиҳамоӣ, ки бо иштироки зиёда аз 300 нафар сурат мегирад, аз соати 14:00 то 15:30 аз майдони Ленин оғоз ёфта, то истгоҳи Финланд идома меёбад. “Дар ин гирдиҳамоӣ, ки аслан ҳизбу ҳаракатҳои демократии миллӣ иштирок мекунанд, мавзӯи сиёсати муҳоҷирони корӣ ба баррасӣ гирифта шуда, гуфта мешавад, мустақилият ба даст овардем, вале ба кишвари мо ҳар кас хоҳад меояд. Аз ин рӯ, бояд низоми раводид ҷорӣ карда шавад”,-афзудааст ӯ.
Раҳбари ҳаракати “Демократияи миллӣ”-и Петербург мегӯяд, гардиши Путин натанҳо маҳдудияти озодиҳои демократӣ дар пай дошт, балки мардуми русро дубора ба ҳамон айёми сарди Иттиҳоди Шӯравӣ баргардонд: “Шуруъ аз соли 2002 вожаи “Мустақилият” аз ҷашни рӯзи 12 июн ғалтида, ин рӯз танҳо ҳамчун Рӯзи Русия қайд мегардад. Русия бори дигар ба оғӯши хафакунандаи собиқ кишварҳои ҷануби Иттиҳоди Шӯравӣ баргаштааст. Аз ин рӯ, мо миллигароён ва демокртаҳо дар рӯзи 12-уми июн мехоҳам, бори дигар мафҳуми ин ҷашн-Рӯзи истиқлолияти Русия аз Осиёи Марказӣ ва Қафқозро ба дигарон фаҳмонем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |