Поёни даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон
Бозиҳои даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи Олӣ баргузор гардид.
Се бозии аввали ин давр рӯзи 8-уми июн сурат гирифт. Сабқати дастаҳои “Истиқлол” - “Истаравшан”-ро, ки дар майдони марказии пойтахт баргузор гардид, Каюмарс Сулаймонов, аз Душанбе доварӣ карда, ба ӯ Парвиз Муртазоев ва Сайёд Зайниддинов (ҳарду аз Душанбе) кӯмак расониданд. Дар ин дидор Хуршед Дадабоев аз Хуҷанд ҳамчун довари эҳтиётӣ ва Абдураҳим Бобоев (Турсунзода) ба ҳайси нозири бозӣ ширкат доштанд. Ин бозӣ бо ҳисоби 9:0 ба нафъи футболбозони дастаи “Истиқлол” анҷом ёфт.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бо бо ҳисоби 2:1 бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд пирӯз шуд.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо “Парвоз” дар варзишгоҳи “Металург”-и Турсунзода қувваозмоӣ карданд ин дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт.
Як бозии дигари даври 10-ум рӯзи 9-уми июн баргузор мегардад. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт бо дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе қувваозмоӣ карданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи бозигарони дастаи “Энергетик” анҷом ёфт.
Ҳоло дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шудаанд бо 24-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюманд. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 14 имтиёз мақоми 14-умро касб кардааст.
Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 6 тӯб, Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр”), Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5-тӯбӣ, Александр Кудряшов, Виллер Оливейра, Юҷин Сепуйя (ҳарсе – “Истиқлол”), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Комил Саидов ("Регар-ТАДАЗ") - 3-тӯбӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |