Раисиҷумҳури Қазоқистон ба мулоқоти Ислом Каримов меравад
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар доираи як сафари расмӣ ба Тошканд меравад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, ин сафари оқои Назарбоев, қарор аст, рӯзҳои 13-14-уми июн сурат гирад.
Ба қавли манбаъ, раисиҷумҳури Қазоқистон дар ин сафари дурӯзаи худ, ки бо даъвати ҳамтои узбакаш, Ислом Каримов, сурат мегирад, як қатор шартномаҳои дуҷониба миёни Тошканду Остонаро ба имзо расонида, масъалаи амният дар минтақаи Осиёи Марказиро ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Инчунин интизор меравад, Нурсултон Назарбоев дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Қазоқистон дар Узбакистон иштирок кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |