Бахшҳо

Ҳаррокс: Мо аз талошҳои ҳамтоён барои озодии Усмонов қадрдонӣ мекунем

Хабарнигори бахши ӯзбакии радиои Би-би-сӣ, Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи боздошт, ҳамакнун дар иҳотаи наздикону пайвандонаш дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари душанбегии ин радио иттилоъ доданд, корманди боздоштшудаашон, ки акнун дар озодист  худро нағз эҳсос мекунад. Ба қавли худи ӯ «хаста аст, аммо хеле шод».
Дар ҳамин ҳол, Би-би-сӣ дар баёнияи марбут ба озодии Ӯрунбой Усмонов навиштааст, ки “авлавияти мо (шабака) ин аст, ки Ӯрунбойро дар миёни хонаводааш бубинем.”  Зимнан, дар гузориш ва ё худ ин баёния омадааст, Усмонов пас аз зӯҳри 14-уми июл таҳти шароити вижа аз боздошт озод шуда ва ба куллия афроде, ки аз ӯ тарафдорӣ мекунанд, ибрози сипос кардааст.  “Мо мунтазирем, аз ҷузъиёти бештари шароити озодии  Усмонов огоҳ шавем, аммо то ҷое маълум аст, ӯ то замони баргузории муҳокимаи додгоҳ дар Хуҷанд хоҳад буд.” Питер Ҳаррокс, раиси бахши ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии  Ӯрунбой Усмонов гуфт, мо аз ин  ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журналистиаш барои Би-би-сӣ буд.  Ҳаррокс, аз куллияи афроде, ки аз Усмонов то ин замон пуштибонӣ кардаанд, изҳори ташаккур карда навиштааст:  “Мо медонем, ки хонавода ва дӯстони Ӯрунбой аз бозгашти ӯ ба хонааш шоданд ва аз талошҳое ки ҳамкорон дар Би-би-сӣ ва ҷаҳон дар ин замина кардаанд, қадрдонӣ мекунем.”
Ёдрас менамоем, хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд  Ӯрунбой Усмонови 59-сола, рӯзи 13-уми июни соли равон аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида буд. Зимни ташреҳи қазияи мазкур, дафтари матбуотии ВКД эълом дошт, ки дастгиршуда аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил шуда, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.
Боздошти  Ӯрунбой Усмонов тайи як моҳи ахир, миёни журналистон, сафороти мухталифи кишварҳои дунё, ИА ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бозтоби вижаеро касб карда, номи ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор дод.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)