Писарчаи 5-сола дар Душанбе рабуда шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зуҳри 9-уми июн дар кӯчаи Испечак-2 –и шаҳри Душанбе марди ношиносе кӯдаки 5-соларо рабуда, ба тарафи номаълум бурдааст.
Вазорати умури дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ба шӯъбаи рақами 2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Тошев Абдуҷабор Умарович соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Испечак-2, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷон соли таваллудаш 2008, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва ҳамсӯҳбат шудан бо сокинони маҳаллӣ муайян карда шуд, ки марди ношинос ноболиғ Абдуҷаббор Муҳаммадҷонро ба тарафи номаълум бурдааст.
Вазорат мегӯяд, барои ёфтани ноболиғ аз ҷониби кормандони милитсия тамоми чораҳо андешида шуда, ҷустуҷӯ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |