Роберт Блейк: “Ба баҳонаи мубориза бо эстремизм мухолифини сиёсиро саркӯб накунед!”
Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 10-уми июн баромади Роберт Блейк, ноиби котиби давлатии ин кишварро, зимни конфронс дар мавзӯи "Сиёсат ва Ислом дар АвруОсиё", дар маркази Дэвис нашр кардааст. Дар ин суханронии Блейк гуфта мешавад, ки ҳукуматҳои кунунии Осиёи Миёна бо муносибати мавҷудаашон бо Ислом кишварҳояшонро зери хатар мегузоранд.
Роберт Блейк мегӯяд, бархе аз иқдоми ҳукуматҳои Осиёи Миёна метавонад, радикализмро вусъат бахшад. Аз ҷумла ба таъкиди ӯ, "ҳукуматдорони Осиёи Миёна дар талоши ҳимояи худ аз таҳдидҳои терроризм, баъзан наметавонанд, миёни ҳуқуқи озодии эътиқод ва мубориза экстремизим фарқ гузоранд. Бархе аз ҳукуматдорон бо баҳонаи мубориза бо эстремизм мухолифини сиёсӣ, озодии ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандиро саркӯб доранд.”
Ноиби котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, “ҳамаамон медонем, ки таҳдиди аслӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ на гуруҳҳои экстремистӣ, балки маҳдудсозиҳои рӯзафзуни ҳуқуқҳои мардум ва адами имкониятҳои иқтисодӣ мебошанд." Ба андешаи Роберт Блейк, нигарониҳо дар мавриди тиратар шудани вазъияти Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон то ҷое беасосанд: “Гуруҳҳои ифротӣ аз қабили Ҳаракати исломии Узбакистон ба эҳтимоли зиёд ба фаъолиятҳои худ дар шимоли Афғонистон идома диҳад, вале ин ҷо гап на дар бораи ҳазорҳо, балки даҳҳо ё садҳо нафар меравад, ки онҳоро наметавон таҳдиди аслӣ хонд."
Ҷаноби Блейк афзудааст, маҳдудсозиҳо дар умури дин ва ҳуқуқҳои демократӣ, озодии баёну виҷдон, фасод, набудани волоияти қонун ва ҷинояткориҳои трансмиллӣ (фаромиллӣ) метавонанд бо номуътадилии бардавоми минтақа анҷоманд, ки ба нафъи ҳукуматдорони Осиёи Миёна, Амрико ва шарикони дигар нест.
Блейк Тоҷикистонро зикр кардааст, ки бо нияти коҳиши таъсири гуруҳҳои исломӣ, озодии эътиқодро маҳдуд намуда, аз ҷумла барои занон ҳузур дар масҷид ва пӯшидани ҳиҷобро дар макотиб манъ кардааст. “Дар Узбакистон мақомот итиҳомот дар терроризмро барои саркӯбу таъқиби мухолифин кор мебаранд. Қазоқистон ҳам бо баҳонаи экстремизм ба ВАО ва мухолифин маҳдудиятҳо эҷод мекунад”,-афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи Блейк вақте ҳукумат дар мубориза бо эксремизм ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон эҳтиром намегузораду волоияти қонунро нақз мекунад, муътидилияти бардавом дар кишвар зери суол меравад. Роберт Блейк таъкид кардааст, ки дар ҳоле фасод густурда асту волоияти қонун таъмин нест, боварии мардум ба ҳукумат коҳиш ёфта, мувофиқан имкони ҳукумат низ барои ҷалби сармоя ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар кам мегардад: “Инчунин раванди айбдоркунии ҳамсояҳо дар мушкилоти марзӣ ва минтақа ба кишварҳо имкон намедиҳад, аз имкониятҳо самаранок истифод баранд. Дар сурати муносибати дуруст ҳукуматҳо метавонанд, аз озодии баёну ҷомеи фаъоли шаҳрвандӣ барои ҳалли мушкилот кор баранд."
Роберт Блейк таъкид кардааст, ки дар самти ҳалли ин мушкилот бо ҳукуматҳои минтақа пайваста ҳамкорӣ доранд ва ба ояндаи Осиёи Миёна хушбин аст: “Раванди ҳалли мушкилот метавонад мушкилу тӯлонӣ бошад, бо вуҷуд мо ба ояндаи минтақа хушбинем. Баробари ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ Ислом низ метавонад, такондиҳандаи рушди Осиёи Миёна бошад ва мо бояд ба ин таваҷҷуҳи бештар диҳем."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |