“Занги камолот” бе қонуншиканӣ гузашт?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни таҷлили “Занги камолот”, ки имсол 7-уми июн баргузор гардид, қонуншиканиҳо сурат нагирифтаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохила, рӯзи душанбеи 10 июн, ба “Озодагон” гуфт, бархилофи солҳои пешин, ки хонандагон бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, ташкил намудани базму шабнишиниҳои бемавқеъ ба сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш сабабгор мешуданд, имсол қонуншикание ба қайд гирифта нашудааст.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, низ дар суҳбат бо "Озодагон" таъйид кард, ки Занги камолот дар кишвар як соат ҷашн гирифта шуда, қонуншикание сабт нагардидааст. Ба иттилои Вазорати маорифи кишвар имсол 111 ҳазор хонанда мактабҳои миёнаро хатм карданд, ки 41 ҳазорашон духтарон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |