Убайдуллоев тобеинашро барои омӯзиши шаҳрдорӣ ба хориҷа мефиристад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрдорӣ як гуруҳи тобеинашро ба Русия ва Белорусия фиристодааст.
Тибқи иттилои ҳукумати Душанбе дар доираи барномаҳои ободонию рушди меъмории шаҳр оид ба сабзу хуррамсозии пойтахт ва бо истифода аз узвият дар Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо бо амри Раиси шаҳри Душанбе аз 7 июни соли 2013 як ҳайати бонуфузи мутахассисон, аз ҷумла Юсупов Баҳром- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Файзуллоев Қудратулло - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Холов Абдусаттор - сардори Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Давлатова Гулбаҳор - сардори шуъбаи шаҳрсозии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» аз 11 то 23 июни соли 2013 ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои Краснодар, Сочи, Минск ва Москва фиристонида мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |