Пуштибонии БОР аз додани роҳҳои Тоҷикистон ба IRS
Бонки осиёии рушд, яке аз калонтарин сармоягузорони Тоҷикистон, бо нашри як иттилоия таъкид мекунад, ки аз роҳандозии усулҳои нави нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон, пуштибонӣ мекунад.
Сӣ Сӣ Ю, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон мегӯяд, “ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии БОР ва дигарон шарикони рушд барои таҷдиду бунёди роҳҳо дар кишвар сармояи ҳангуфтро харҷ кардааст. Нигоҳдории ин роҳҳо дар ҳолати хуб дар дилхоҳ боду ҳаво кори мушкил аст ва БОР барои ин қарорҳои наву аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаоварро, ки тавассути музоядаҳои кушоду шаффоф роҳандозӣ мешаванд, дастгирӣ мекунад.”
БОР мегӯяд, дар доираи татбиқи роҳи Душанбе – сарҳади Қирғизистон усули нави нигоҳдории роҳҳо, яъне додани онҳо ба бахши хусусӣ, дар ду қисмат, аз Ваҳдат то Обигарм ба масофаи 76 километр ва аз Нуробод то Нимич ба масофаи 73 километр аз санҷиш гузаронда мешавад: “Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тавассути як музоядаи кушоду шаффоф бо ду ширкати ғолиб, “Ғаюр 1” ва «Инновейтив роуд солюшинз (Innovative Road Solutions)» барои се сол созишнома баст. Ин ширкатҳо дар доираи нишондодҳои пешакӣ мувофиқашуда роҳро нигоҳубин мекунанд ва вобаста ба натиҷаи корашон маблағ хоҳанд гирифт.”
Ба иттилои Бонк, корҳои омодасозиро БОР ва шарикони рушд сармоягузорӣ мекунанд. БОР мегӯяд барои назорат аз болои кори роҳбонҳо, яъне ширкатҳои хусусӣ телефонҳои боварӣ ташкил мешаванд, ки тавассути онҳо роҳгузару сокинони маҳаллӣ метавонанд аз камбудҳо хабар диҳанд.
Ҳоло IRS нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли ин кишвар мепайвандад, дар ихтиёр дорад. Ин ширкат дар тӯли роҳи Душанбе Чаноқ шаш тарозуи худро гузоштааст, ки ронандагон ҳангоми убур аз он вобаста ба вазни мошин ва тӯли роҳ пул пардохт мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |