Инсоне бо қалби бузург
Дар замони мо саховатмандӣ “вазифаи ҷонӣ”-и ҳар соҳибкор нест. Саховатмандии ҳақиқӣ, ки дар руҳияи инсон бошад, низ он қадар ба чашм намерасад. Вале бо вуҷуд соҳибкороне ҳастанд, ки қисмати аслии корашонро ба имдоду кумак ба дармондагон бахшидаанд ва аз ин корашон ҷуз пешрафти дигарон чизе намехоҳанд.
Номи Герман Захаряев, соҳибкори саховатманд, номзади илмҳои фалсафа, муассиси бунёди байналмилалии "СТМЭГИ" дар Русия, дар доираҳои алоҳида маъруф аст. Аммо камтар одаме хабар доранд, ки фаъолияти хайриявии Захаряев танҳо ба нигаҳдории мероси фарҳангию таърихии халқи худ равона набуда, балки барои ҳама ниёзмандон аст.
Захаряев дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар овони хурдсолӣ соҳибкори саховатманди оянда ҳамчун писари масъулиятшинос, ботарбия, бадонишу хушзеҳн сазовори боварӣ ва эҳтироми атрофиён шуда буд.
Дар замони мо аробаи зиндагиро кашидан душвор аст. Бахусус, нафароне, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бидуни ҷои кор ва сарчашмаи даромад мондаанд. Бисёриҳо, дар ватани худ имкони ёфтани қути лоямуте надошта, ба кишварҳои дигар мераванд, то дар шароити вазнини будубош, сардию гуруснагӣ, зери таҳқири сокинони маҳаллӣ бошад ҳам, луқмае нон ёбанд. Бисёр ҳолатҳои таассуфангез аст, ки пас аз иҷрои кору вазифаи худ, муҳоҷирон маҷбуранд гоҳо ҳатто бидуни хароҷоти роҳ ҷои корашонро тарк намоянд – корфармоён ба истифодаи қувваи кори арзон одат кардаанд ва ба бегонагон раҳм надоранд. Ҳатто бо фаҳмиши вазнинии воқеияте, ки маҷбур мекунанд, ин муҳоҷирон бо дастмузди ночиз меҳнат кунанд, корфармоён гоҳо дастмузди онҳоро пардохт намекунанд.
Аммо одамон – новобаста аз ранги пӯст, забон ё дин – ба ду гуруҳ тақсим мешаванд: хуб ва бад. Ва он ҳамватанони мо, ки бо Герман Захаряев вохӯрдаанд, бидуни муҳобо, хушбахт будаанд. Миқдори нафароне, ки ба ӯ муроҷиат намудаю аз ӯ ёрию дастгирӣ дидаанд, беҳисоб аст. Аслан, касе дар ин хусус хабар надорад, чун корҳои хубе, ки аз самими қалб амалӣ шудаанд, ҷое қайду ҳуҷҷатгузорӣ намешаванд. Аммо чандин нафароне, ки бо ин инсон вохӯрдаанд, то охири умр барои ӯ дуо хоҳанд кард. Ҳолатҳое ҳастанд, ки одам имкон надорад чиптаи баргашт ба ватанро харад; баъзан аз сабаби беморӣ одам наметавонад кор карда, оилаи худро таъмин намояд; шояд, яке тамоми умр пул ҷамъ мекунад то ба ҷойҳои муаддас рафта, дар Макка намоз гузорад, аммо бо сабабҳои гуногун ин ба ӯ даст намедиҳад.
Давлатбек Жонов (Маҳмуд) мегӯяд, «ман одамонеро мисли Герман Захаряев хеле кам вохӯрдаам. Ӯ ба ҳама корафтодагон, новобаста аз дину миллат, кӯмак мекунад. Миёни ҳамватанонамон, бародарони диниамон, ки саховатро пеша намудаанд, на ҳар кас ҳатто фикри ёрӣ расондан ба нафаре дар сафари Ҳаҷҷи Акбар мекунад, чун он хароҷоти зиёд металабад ва баъзеҳо тамоми умр, чизе нахӯрдаю напӯшида, барои он пул ҷамъ мекунанд. Герман Захаряев бошад, чандин бор дар омодагии сафар ва иҷрои Ҳаҷҷи Акбар ба ҳамватанони мо дасти ёрӣ дароз намудааст. Мо ҳама барои ӯ, хонаводааш, бародарону кӯдаконаш дуо мекунем.»
Сироҷиддин Саидов, ҳамватани мо, ки зиёда аз даҳ сол аст бо Герман Захаряев кор мекунад, аз ӯ ҳамчун як нафар бо дасту дили тилоӣ ёд меорад: «Ёд дорам, дар соли 2006 як мардикори тоҷик дар рафти сохтмон бемор шуд. Ӯ на барои табобат, на барои сафар ба Ватан, маблағ надошт. Он вақт Герман Захаряев ба ӯ хизмати хуб карда, хароҷоти сафар, табобат ва баргашт ба Ватанро пардохт намуда буд. Ин танҳо мисол нест. Герман Захаряев на фақат ба ниёзмандон кӯмак мерасонад. Ӯ ҳамчунин ба беҳбуди муносиботи намояндагони дину миллатҳои гуногун мусоидат мекунад».
Имрӯзҳо ширкатҳои бузурги зиёд бахше аз даромади худро барои хайрия ҷудо мекунанд. Ин хайрия, метавонад ёрӣ ба гирифторони саратон, кумак ба ятимон ё муассисаҳои нигаҳдории маъюбон бошад. Аммо камтар созмоне беҳтар намудани қисмати як нафари алоҳида ба уҳда мегиранд. Дар ҳоле, ки атрофии мо зиёданд нафароне, ки ба кӯмак ниёз доранд. Ва маҳз дар ин ҳолатҳо фоҷеаҳое рух медиҳанд, ки аз фоҷеаҳои Шекспирӣ ҳам пурдардтаранд. Ҳолатҳои ҳаррӯза аз ҳаёти одамон, ки мо ҳар рӯз онҳоро надида мегузарем, ба мушкилоти хурду бузурги онҳо аҳамият намедиҳем. Ин ҳама чунон ҳаррӯзаю оддӣ шудааст, ки фардо он метавонад дар зиндагии мо рух диҳад. Он вақт нафаре дигар, ҳамин тавр, моро нодида мегузарад.
Шояд, нафаре намехоҳад «ба корҳои майда-чуйда» машғул шуда, тарҷеҳ медиҳад «ба корҳои нек» аз рӯи тақвим машғул шавад ва ҳар моҳ миқдоре маблағ ба хайрия ҷудо кунад. Аммо зиндагӣ ба ягон ҷадвал рост намегирад. Зиндагӣ рафти худро дорад, нопойдору гоҳо маккор аст, ва ҳаргиз намедонӣ фардо чи хоҳад шуд. Чуноне мегӯянд, «гаҳе пушти зинӣ, гаҳе зин ба пушт».
Бузурге гуфтааст, «вақте бо зинапоя боло меравӣ, бо онҳое, ки сари роҳат мебинӣ, салом кун. Чун вақти поин омадан, онҳоро дубора хоҳӣ дид».
Герман Захаряев, одаме, ки худашро сохт ва ба сатҳи имрӯза расид, лаҳзае фаромӯш намекунад, кӯдакиаш чигуна гузашта аст ва бо кадом азобҳо ба давлат расидааст. Вақте дар аввали солҳои навад ба Маскав омад, ҳолати кишвар ором набуд ва ӯ дар синни бистсолагӣ корро аз сифр оғоз кард. танҳо меҳнат ва муносибати пурмасъулият ба кор сабаб шуданд, то ӯ дар соҳибкор ба зинаҳои боло барояд. Имрӯз ӯ шахсе соҳибэҳтирому маъруф дар мамолики гуногун аст, ки бо меҳнатдӯстӣ ва инсондӯстӣ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.
Дар руҳияи эҳтиром ба гузаштагон, расму оин, тавърихи кишвару хали худ тарбия гирифта, Герман Захаряев кӯшишу сармояи зиёд барои зинда нигаҳ доштани оин, илм ва фарҳанги куҳан ба харҷ медиҳад. ӯ ҳаргиз аз назди ниёзмандон бо чашми пӯшида намегузарад ва ҳамеша омода аст ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунад.
Ҳамин тавр, Герман Захаряев нигоҳубини оила ва наздиконашро ба уҳда гирифта, сарҳади ин мафҳумҳоро васеъ намуд ва ба ин қатор аввал ҳама ҳамватанонаш, сипас ҳама одамони ниёзмандро ворид намуд. Ӯ миёни худию бегона ва намояндагони ин ё он дину оин фарқ намегузорад. Ӯ танҳо ба одамон мувофиқи тавонаш ёрӣ мерасонад.
Ин ҳама аз муносиботу ҳиссиёти оддии инсонӣ маншаъ мегирад. Чуноне мегӯянд, бо атрофиён ончунон муомила кун, ки мехоҳӣ бо ту кунанд ва дар натиҷа ончиро ба даст меорӣ, ки арзандааш ҳастӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |