Мавсими имсолаи оббозӣ то ҳоло ҷони 20 нафарро рабудааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали соли равон то 30-уми май дар кишвар 20 нафар зимни оббозӣ ғарқ шудаанд.
Кумита ин арқомро ташвишовар хонда, аз шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон даъват мекунад, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконашон ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд. Ин ниҳод мегӯяд, бо фарорасии мавсими оббозӣ эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои расмӣ соли гузашта бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 113 нафар ба ҳалокат расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |