Асомиддин Атоев: “Таҳқир дар Интернет заъфи ҷонибҳои баҳс аст”
Тарҳи аввалия ё ибтидоии Одобномаи корбарони Интернет (Одобномаи шаҳрванди электронӣ) дар Тоҷикистон омода шуда, қарор аст, 24-уми июни соли ҷорӣ муаррифӣ гардад. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, Асомуддин Атоев, хабар дод.
Ӯ гуфт, ин тарҳ қабл аз он ки ба корбарони Интернет муаррифӣ гардад, ба гуруҳи корие, ки зери котиботи Шӯрои оид ба ТИК-и назди раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият доранд, пешниҳод шудааст.
Тарҳи Одобномаи корбарони интернет дар ҳоле омода ва барои баррасӣ пешниҳод мегардад, ки рӯзҳои охир дар саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиру дашном ва аксу видеои фаҳшо бештар ба мушоҳида мерасанд. Асомуддин Атоев гуфт, “ин шева нишондиҳандаи заифии ақлу хирад ва нерӯи зеҳнии ҷонибҳои баҳс мебошад. Зеро вақте онҳо мебинанд, дигар чизи гуфтанӣ надоранд, ба дашному ҳақорат мегузаранд.”
Ӯ афзуд, “ба назари ман ҳарчӣ дар ҳаёти онлайнӣ ё худ маҷозии инсон мегузарад, ин инъикоси ҳаёти воқеии инсон ба шумор меравад. Имрӯз, ки дар ҷамъияти мо қасам хӯрдану дашном додан чизи маъмулӣ шудааст, чизе, ки дар шабакаҳо ба миён меояд, нишондиҳандаи ҳамин ҳаёти воқеии мо мебошад.”
Оқои Атоев дар ин бора ки баъзеҳо чунин бархӯрди корбаронро “бозии сиёсӣ” меноманд, иштибоҳ хонд. “Чигуна дашному ҳақоратро метавон бозии сиёсӣ номид? Ман чунин намеҳисбам. Бисёре аз сокинони мо дар гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ надоштанд ва имрӯз, ки шумораи корбарони Интернет зиёд мешавад, ҳаёти воқеӣ низ дар онҷо инъикос меёбад”,-таъкид кард ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |