Интиқоди Зуҳуров аз фаъолияти Исмонқул Шоқулов
Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҷаласаи назоратии вазорат татбиқи лоиҳаҳои нақлиётии кишварро муфассал ба муҳокима кашидааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт Зуҳуров аз сардорону роҳбарони ниҳодҳои зертобеъ гузориши мушахҳаси корҳои иҷрошударо талаб намуда, аз рафти кори роҳсозони шоҳроҳи «Шоҳон –Зиғар» изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "агар сурати кор бо чунин тарз идома ёбад, дар мӯҳлати таъйидшуда ба анҷом расонидани сохтмони пулҳои ин масир дар гумон хоҳад буд."
Зуҳуров аз фаъолияти директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Шоҳон Зиғар» Исмонқул Шоқулов эрод гирифта, таъкид кардааст, ки “бо 15- 16 нафар коргар дар ҳар як иншоот тезондани суръати кор имконият надорад. Бар замми ин онҳо дар шароити сангови хушк зери борону гоҳе зери офтоби сӯзон ҳамагӣ моҳе 500-600 сомонӣ музд мегиранд, ки албатта дилбастагии онҳоро ба меҳнат сусту зайиф месозад. Илова бар ин мудирияти фармоишгари туркӣ ба зертобеъони хеш ҳеҷ гуна ихтиёр ва салоҳиятро қойил нест ва дар набудани вай ҳеҷ кадомашон иҷрои корро ба зимма намегиранд. Агар коргарон хориҷӣ мебуданд бо чунин музду шароит ҳаргиз даст ба кор намезаданд. «Пас коргарон, ки ватанӣ шуданд бояд бемузду бепул кор кунанд?»
Зуҳуров таъкид кардааст, ки ҳаҷми кор дар пулҳои сохташавандаи Шоҳон-Зиғар ҳанӯз хеле зиёд буда, лозим аст, ки тадбирҳои самаранок андешида шаванд, то пулҳо дар мӯҳлати таъйидшуда мавриди истифода қарор ёбанд: “Суръати корҳоро дар иншооти сохтмонӣ тезонида, барои зиёд намудани теъдоди кормандон аз ҳисоби мутахассисини ватанӣ ба унвони «Корфармо» номаи дархостӣ таҳия ва ирсол намудан лозим аст.”
Қодир Сайидов, директори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Душанбе -Чанак», гузориш додааст, ки дар нақби «Чормағзак» корҳои сохтмонӣ мувофиқи ҷадвали нақшаи асосӣ амалӣ шуда истодаанд: “Айни ҳол нақбсозон мунтазири расидани беш аз 100 тонна бору ҷиҳози нақб мебошанд, ки бояд аз корхонаҳои тавлидотии шаҳри Қошғари Чин дастрас шаванд. Аз ҷумла ноқилҳои пӯшидаи барқ, трансфарматорҳо ҳанӯз нарасидаанд. Бо ворид шудани ин таҷҳизот кори васл кардани онҳо бо суръати дучанд тезонда хоҳад шуд. Кори рангубор ва баъзе ҷойҳо қиррезию андоваи сементии дохили нақб то моҳи август идома хоҳад ёфт.”
Ҷумъахон Зуҳуров дар мавриди таъмир ва мумфарш кардани роҳҳои маркази шаҳри Панҷакент, таъмири чуқуриҳои роҳи Кӯлоб-Данғара, васл кардани тарозуҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ваҳдат ва Рӯдакӣ, роҳ надодани ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар соатҳои гарми рӯз, ба хусус дар шоҳроҳи навтаҷдиди Душанбе-Турсунзода, тоза кардани шафати роҳҳо аз алафҳо, ки дар оянда мӯҷиби сар задани сӯхтор мегарданд, таъмири роҳи Хоҷа-Оби Гарм, таҳияи лоиҳаи роҳи Кӯлоб- Ховалинг ва амсоли инҳо ба масъулини роҳдорӣ супоришҳо додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |