Ислом Каримов аз болои ТАЛКО ба Бан Ки Мун шикоят бурд
Узбакистон ин бор аз болои ширкати алюминиюми Тоҷикистон -- Талко ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.
Ҳукумати Узбакистон бо ирсоли як нома ба унвони Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, аз вазъи бади экологии манотиқи марзии худ бо Тоҷикистон шикоят карда, гуфтааст, ширкати алюминиюми тоҷик хисороти зистмуҳитии зиёде ба ин кишвар расонидааст.
Дар ин нома омадааст, олудагии фаромарзӣ, ки аз газҳои гулхани зараровари корхонаи алюминиюми тоҷик -- Талко сар мезанад, таҳдид ба амнияти экологии муҳити зисти Узбакистон дорад.
Мақомоти узбак бо исрор аз Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, хостаанд, то ба таъсири манфӣ ва зараровари гази гулханҳои ин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба Узбакистон поён бахшад.
Маврид ба ёдоварист, корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба «ТадАз» баҳори соли 1975 сохта ба истифода дода шудааст, ки алъон бо номи ширкати «ТАЛКО» маъруф аст. Ин корхона бузургтарин истеҳсолкунандаи алюминий дар Осиёи Марказӣ буда, зарфияти истеҳсолиаш дар як сол баробар ба 500 ҳазор тонна арзизи тайёр аст ва ягона корхонаи воридкунандаи арзи хориҷӣ ба буҷаи кишвар маҳсуб мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |