Тоҷикистон ба Ҷопон сармоягузории се лоиҳаи бузургро пешниҳод кард
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар мулоқот бо Иида Джи, сардори намояндагии Агентии байналмилалии Ҷопон, «JICA» дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки агентӣ дар татбиқи лоиҳаҳои нави нақлиётии кишвар ширкат кунад.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз ҷумла бо Ҷопон маблағгузории сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, лоиҳаи таҷдиди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба миён гузошта шуданд.
Иида Джиро қайд намудааст, ки барои таҷдиди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дархост пешниҳод гардидааст ва тибқи он ҳуҷҷатҳои лозимӣ омода шудаанд ва ин масъала дар ояндаи наздик баррасӣ хоҳад шуд.
Дар ин вохӯрӣ инчунин масоили мумфаршкунии қабати дуюм дар роҳи Дустӣ- Панҷи Поён, дархост оид ба расондани кумаки грантӣ барои барқарор намудани 4 пул аз болои дарёи Тепалай дар Кӯлоб, ки ҳангоми сар задани офати табиӣ вайрон шуданд, баррасӣ гардидаанд.
Ҷониби JICA иброз доштааст, ки оид ба ин масъалаҳо ба Идораи асосии агентӣ ҳуҷҷатҳо равона шудаанд, вале ҳанӯз ҷавобашон нарасидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |