АКС: “Занги охир” барои 111 000 хатмкунанда садо дод
Соати ҳашти субҳи 7-уми июн дар кулли мактабҳои миёнаи Тоҷикистон “занги охир” ё “занги камолот” садо дод.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба "Озодагон" гуфт, ин ҷашн барои бештар аз 111 ҳазор хатмкунанда ҳамагӣ як соат идома кард. Ба қавли мусоҳиби мо, имсол 111 ҳазор хонанда мактабҳои миёнаро хатм карданд, ки 41 ҳазорашон духтар ва боқимонда писаронанд.
Ҳарчанд Маҳмудхон Шоев таъкид кард, ки дар рӯзи «Занги камолот» ҷамъ кардани маблағ барои оростани зиёфат, хусусан дар тарабхонаҳо, тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст, субҳи имрӯз савдои дӯконҳои гулфурӯшӣ гарм буд ва ҳамагон бо харидани кул ба табрики хатмкунандагон мешитофтанд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |