Дар сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ се нафар маҷруҳ шудаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар сӯхтори рӯзи 5-уми июн дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар Душанбе ду корманди ин нуқта ва як корманди хадамоти оташнишонӣ ҷароҳати вазнин бардоштаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар марҳилаи аввали ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи сӯхтор соҳибмулк Садриддин Меликов ва посбони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Бадриддин Қодиров ҷароҳатҳои вазнини сӯхтагии бадан гирифта, ба беморхонаи клиникии №3 шаҳри Душанбе бистарӣ карда шуданд. Ҳамчунин аз дуди ғализ як нозири калони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Сино заҳролуд шуда, ба беморхонаи мазкур интиқол дода шудааст. Дар мавриди зарари моддии сӯхтор вазорат мегӯяд, аз ҳарорати баланди гармӣ ва алангаи оташ як адад нақлиёти маводи сӯхткаши тамғаи ЗИЛ -130 низ сӯхта зарар дидааст.
Ба иттилои ВКД дар хомӯш намудани сӯхтор 97 нафар аз ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти оташнишонӣ ва зиёда аз 20 кормандони милитсия саҳм гирифта, 12-адад зарфро бо 25 тонна маводи сӯхт аз таркиш ва паҳншавии алангаи оташ эмин доштаанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки бино ба таҳқиқи коршиносон аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми аз зарфи нигоҳдории маводи сӯхт рехтани маводи сӯзишворӣ ба нақлиёт сӯхтор сар задааст ва айни ҳол ҳаҷми зарару гунаҳгорон муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 5-уми июни соли равон, соати 13:10-дақиқа, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Заргар”, воқеъ дар кӯчаи Карамов 70-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад, ки масоҳати он беш аз 400 метри мураббаъро ташкил дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |